Эрон амнтарин кишвари Ховари Миёна барои сармоягузорӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i16162
Сафири Дания дар Теҳрон гуфт: Эрон ба далели сиёсатҳои муваффақи дохилӣ ва хориҷӣ, амнтарин кишвари Ховари Миёна барои сармоягузории иқтисодӣ ва тиҷорӣ аст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 23, 2017 19:30 Asia/Dushanbe
  • Эрон амнтарин кишвари Ховари Миёна барои сармоягузорӣ

Сафири Дания дар Теҳрон гуфт: Эрон ба далели сиёсатҳои муваффақи дохилӣ ва хориҷӣ, амнтарин кишвари Ховари Миёна барои сармоягузории иқтисодӣ ва тиҷорӣ аст.

Денни Аннан, сафири Дания дар Эрон рӯзи якшанбе дар сафари дурӯза ба Арок (маркази Эрон) дар гуфтугӯ бо Ирно афзуд: Амнияти пойдор, нерӯи инсонии коромад ва дастрасии осон ба кишварҳои ҳамҷавор аз вижагии аслии ҷумҳурии исломии Эрон аст .

Денни Аннан тасреҳ кард: Ширкатҳои санъатӣ ва тавлидии Дания алоқаманд ба сармоягузорӣ дар Эрон ҳастанд, чун сармоягузорӣ дар Эрон масири муровидоти Дания ба дигар кишварҳои минтақаи Ховари Миёнаро фароҳам мекунад .

Вай гуфт: Равобити сиёсии Эрон бо Дания дар шароити идеалест, ки аз ин равобити сиёсӣ бояд дар ростои густариши муровидоти тиҷорӣ ва иқтисодӣ истифода кард .

Сафири Дания дар Эрон таъкид кард: Кишвараш ба дунболи густариши равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ бо Эрон ва истифода аз таҷрубиёти муштарак дар ҷиҳати тавсеаи иқтисодӣ аст .