Апрел 24, 2017 12:07 Asia/Dushanbe
  • Ҳафт медал - раҳоварди донишомӯзони эронӣ аз мусобиқоти донишмандони ҷавони 2017

Гурӯҳи донишомӯзии Эрон дар 24-умин давраи мусобиқа ва “Конфронси донишмандони ҷавон 2017” дар Штутгарти Олмон, муваффақ ба касб ду медали тилло ва панҷ медали бронза шуд.

Ба гузориши ИРНА, дар ин рақобатҳо, ки бо ҳузури донишомӯзони 27 кишвар аз 16 апрел шуру шуд, навҷавонони радаи синии то 19 сол, дар шохаҳои мухталифи муҳандисӣ, компютер, физик, риёзӣ, муҳити зист ва улуми зистӣ ба рақобат пардохтанд.

Ҳония Ҳусайнзода барандаи медали тилло ва бурунз, Маҳсо Деҳқон Миншодӣ барандаи медали тилло ва Донёл Довудӣ, Фозила Шамсободӣ, Комёр Каримифахр ва Соро Ҷалилӣ ҳар кадом барандаи медали бурунз дар ин рақобатҳо шуданд.

Гурӯҳи Эрон дар маҷмӯи медалҳо пас аз тими Олмон қарор гирифт.