Анҷоми амали ҷарроҳии мағз дар ҳолати бедорӣ дар Машҳад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i16190-Анҷоми_амали_ҷарроҳии_мағз_дар_ҳолати_бедорӣ_дар_Машҳад
Амали ҷарроҳии мағз дар ҳолати бедорӣ бо мушорикати пизишкони олмонӣ, нахустин бор дар бемористони Разавии Машҳад- дар устони Хуросони Разавӣ анҷом шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 24, 2017 08:06 Asia/Dushanbe
  • Анҷоми амали ҷарроҳии мағз дар ҳолати бедорӣ дар Машҳад

Амали ҷарроҳии мағз дар ҳолати бедорӣ бо мушорикати пизишкони олмонӣ, нахустин бор дар бемористони Разавии Машҳад- дар устони Хуросони Разавӣ анҷом шуд.

Ба гузориши ИРНА, доктор Ризо Зореъ-ҷарроҳи эронӣ гуфт, амали ҷарроҳии мағз дар ҳолати бедорӣ, бар рӯйи як бемори 28 солаи мубтало ба тумори мағзӣ сурат гирифт.

Зореъ афзуд, ҷарроҳӣ дар ҳолати бедорӣ ин имконро фароҳам мекунад, ки дар ҳоли бардоштан тумор такаллум ва ҳаракати бемор контрол шавад,зимни ин ки ин равиш кумак мекунад, миқдори бештаре аз тумор бардошта шавад.

Ин ҷарроҳи эронӣ гуфт, ба иллати ҳушёр будани бемори дар ҳоли ҷарроҳӣ, пизишк вақти камтаре дорад, то ҷарроҳиро ба итмом бирасонад, зеро бо тулонитар шудани замон амал, бемор дучори изтироб ва стреси бештаре хоҳад шуд.

Бемористони фавқуттахассусии Разавӣ бо 320 тахти бемористонӣ ва мутааллиқ ба Остони Қудси Разавӣ, аз соли 2005 фаъолияти худро дар Машҳад-воқеъ дар шимолу шарқи Эрон оғоз кардааст.