Апрел 24, 2017 16:38 Asia/Dushanbe
  • Оғози Маҷмаи тамаддунҳои куҳан дар Афина бо ҳузури Зариф

Нахустин Нишасти “Маҷмаи тамаддунҳои куҳан” рӯзи душанбе бо ҳузури вазири  умури хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон ва намояндагони 9 тамаддуни бостонии дигар дар Афина, пойтахти Юнон оғоз ба кор кард.

Ба гузориши Ирно, Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дар нахустин Нишасти “Маҷмаи тамаддунҳои куҳан” суханронӣ хоҳад кард .

Муҳаммадҷаводи Зариф ба манзури ширкат дар Иҷлоси 10 тамаддуни куҳани ҷаҳон ва дидор бо мақомоти юнонӣ дирӯз вориди Афина, пойтахти Юнон шуд .

Ҳамчунин вазири умури хориҷаи Эрон дирӯз дар дидорҳои ҷудогона бо Ванг Йи ва Никос Кодзиас, ҳамтоёни чинӣ ва юнонии худ дар ҳошияи Иҷлоси 10 тамаддуни куҳани ҷаҳон, дар хусуси баргузории ин иҷлос, равобити дуҷониба, масоили минтақаӣ ва байналмилалӣ табодули назар кард .

Иҷлоси дурӯзаи 10 тамаддуни куҳани ҷаҳон аз рӯзи якшанбе дар Афина оғоз ва вазирони умури хориҷаи кишварҳои Эрон, Юнон, Чин, Ҳинд, Италия ва Миср дар он ҳузур доранд .