Апрел 24, 2017 20:56 Asia/Dushanbe
  • Табрики Иди мабъаси паёмбари гиромии ислом (с)

Фардо сешанбе 27 моҳи Раҷаби соли 1438 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 25 апрели 2017, мабъаси паёмбари гиромии ислом (с) аст.

Саросари Эрони исломӣ дар шаби Иди мабъаси паёмбари гиромии ислом, ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ҷашну сурур аст .

Мардуми Эрони исломӣ дар 27 Раҷаб бо баргузории маросим ва маҷолиси шодӣ ва пахши нуқлу ширинӣ, мабъаси паёмбари гиромии ислом (с)-ро ҷашн мегиранд .

Дар шаби мабъси паёмбари гиромии ислом (с) боргоҳи малакутии ҳазрати Алӣ ибни Мусалризо, имоми ҳаштум дар Машҳади муқаддас, шимоли шарқи Эрон, ғарқ дар шодиву нур аст .

Ҳамзамон бо фаро расидани беъсати паёмбари гиромии ислом, ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с), шаҳри муқаддаси Қум, ҷануби Теҳрон ҳам ғарқ дар ҷашну шодӣ аст .

Иди мабъас рӯзест, ки паёмбари гиромии ислом (с) аз сӯи Худованди мутаол ба рисолат мабъус шуданд .

Беъсати паёмбари гиромӣ (с) сароғози роҳе шуд, то инсон аз ширк, беадолатӣ, табъиз, ҷаҳлу фасод берун ояд ва ба сӯи тавҳид, маънавият ва адолату каромат ҳаракат кунад .

Радиои тоҷикии Садои Хуросон, фаро расидани солрӯзи беъсати паёмбари гиромии ислом Муҳаммади Мустафо (с) ва бузургтарин иди мусулмонони ҷаҳонро ба ҳамаи мусулмонону дигар озодихоҳони ҷаҳон табрик мегӯяд .