Аҳамияти нишасти сеҷонибаи Эрон, Русия ва ҷумҳурии Озарбойҷон
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон нишасти сеҷонибаи Эрон, Русия ва ҷумҳурии Озарбойҷонро аз назари иртибот бо ҳамсоягон ва шароити минтақаи Ховари миёна ва Қафқоз, бисёр бо аҳамият донист.
Ба гузориши пойгоҳи итилоърасонии раёсати ҷумҳурии Эрон, Ҳасани Рӯҳонӣ имрӯз-якшанбе, пеш аз тарки Теҳрон ба мақсади Боку барои ширкат дар нахустин нишасти сеҷонибаи Эрон, Русия ва ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҷамъи хабарнигорон гуфт: "Равобити Эрон ва Русия имрӯз ба самти равобити роҳбурдӣ пеш меравад ва ду кишвар дар масоили мухталифи минтақаӣ ва байналмилалӣ мушорикати хубе бо ҳам доранд".
Вай афзуд: "Равобити Эрон бо ҷумҳурии Озарбойҷон низ дар солҳои ахир густариши хубе дошта ва таомулоти тиҷорӣ, иқтисодӣ ва сиёсии ду кишвар нисбат ба гузашта афзоиш ёфтааст".
Рӯҳонӣ ҳамчунин гуфт: "Нишасти сеҷонибаи Эрон, Русия ва ҷумҳурии Озарбойҷон дар Боку барои ройзанӣ дар бораи долони Шимол – Ҷануб аст ва дар ин нишаст дар заминаи иртиботи роҳи оҳани Эрон, ҷумҳурии Озарбойҷон ва Русия, ки кишварҳои Аврупои шарқӣ ва шимолиро ба халиҷи Форс, уқёнуси Ҳинд ва кишварҳои ҷанубӣ пайванд медиҳад, гуфтугӯ хоҳад шуд".
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон мавзӯи коҳиши тарофаи гумрукӣ байни Эрон бо ҷумҳурии Озарбойҷон ва Русия, тиҷорати озод бо кишварҳои узви Иттиҳодияи АвруОсиё, мушорикат дар худравсозӣ ва дорӯсозӣ дар ҷумҳурии Озарбойҷон, тавсеаи тиҷорат ва сармоягузорӣ байни Эрон ва ҷумҳурии Озарбойҷон ва ҳамкориҳои минтақаӣ, мубориза бо терроризм ва ҳамкории се кишвар дар баҳри Хазарро аз дигар мавзӯоте эълом кард, ки дар нишасти сеҷонибаи Боку баррасӣ мешавад.
Рӯҳонӣ дар сафари расмии дурӯза, имрӯз вориди ҷумҳурии Озарбойҷон шуд.