Шарҳи ҷузъиёти шаҳодати марзбонони эронӣ дар марзи Покистон
(last modified Thu, 27 Apr 2017 07:11:30 GMT )
Апрел 27, 2017 12:11 Asia/Dushanbe
  • Шарҳи ҷузъиёти шаҳодати марзбонони эронӣ дар марзи Покистон

Додситони умумӣ ва инқилоби Зоҳидон, маркази устони Систон ва Балучистон (ҷануби шарқи Эрон) гуфт, нерӯҳои душман пас аз даргирӣ ва ба шаҳодат расонидани марзбонони эронӣ ба умқи хоки Покистон пинҳон шуданд.

Чаҳоршанбешаб дар пайи камини террористҳо дар нуқтаи сифр марзии Эрон бо Покистон, 10 нафар аз марзбонони минтақаи Мирҷоваи устони Систон ва Балучистони Эрон ҳангоми гаштзанӣ ба шаҳодат расиданд. Гурӯҳаки такфирии “Ҷайш –уз-зулм” масъулияти ин ҳамлаи террористиро бар ӯҳда гирифтааст.

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Алии Муваҳҳидирод, додситони умумӣ ва инқилоби Зоҳидон бо таъйиди шаҳодати 10 маъмури марзбонии минтақаи Мирҷова бар асари тирандозии аъзои гурӯҳаки террористии “Ҷайш –уз-зулм”  афзуд: “Чаҳоршанбешаб ҳудуди соати 20 ба вақти маҳаллӣ марзбонони эронӣ мавриди ҳамла ва камини террористҳо қарор гирифтанд ва бар асари тирандозӣ бо силоҳҳои дурбурд, мутаассифона, ҳашт нафар аз марзбонон дар дам ба шаҳодат расиданд ва ду нафари дигар пас аз интиқол ба бемористон ба шаҳодат расиданд”.

Алии Муваҳҳидирод бо баёни ин ки ҳоли танҳо маҷрӯҳи ин ҳамлаи террористӣ вахим гузориш шудааст, таъкид кард, Нерӯҳои марзбонӣ ва Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба ҳамроҳи Нерӯҳои амниятии Эрон дар ҳоли баррасии ин ҳамла ва пайгирии он ҳастанд.

 Додситони умумӣ ва инқилоби Зоҳидон ҳамчунин гуфт, гурӯҳаки террористии “Ҷайш –уз-зулм”  пас аз вуқӯи ин ҷиноят дар нуқтаи сифр марзӣ бо истифода аз пӯшиши минтақа, билофосила ба умқи хоки Покистон пинҳон шуд.