Нишасти тахассусии вазирони умури занони кишварҳои исломӣ дар Машҳад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i16326
Вазифаи масъулони умури занон дар кишварҳои исломӣ иртиқои нақш ва ҷойгоҳи зан дар ҷомеа дар фароянди тавсеаи пойдор аст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 27, 2017 13:30 Asia/Dushanbe
  • Нишасти тахассусии вазирони умури занони кишварҳои исломӣ дар Машҳад

Вазифаи масъулони умури занон дар кишварҳои исломӣ иртиқои нақш ва ҷойгоҳи зан дар ҷомеа дар фароянди тавсеаи пойдор аст.

Ба гузориши хабарнигори радиои тоҷикии Садои Хуросон, муовини умури занон ва хонаводаи раиси ҷумҳури Эрон имрӯз (панҷшанбе) дар нишасти тахассусии вузарои умури занони кишварҳои исломӣ дар Машҳад афзуд: “Густариши фардгароӣ, коркарди зан дар ҷавомеъро дастхуши нопойдорӣ ва баъзан заволи фарҳангӣ кардааст. Аз ин рӯ бояд дар бозтаърифи коркарди зан дар ҷомеа ва таъсири он дар фароянди тавсеаи пойдор таҷдиди назар шавад.

Шоҳиндухт Мавловердӣ бо табйини нақши зан дар Ислом, нобаробариҳо ва зулм алайҳи занонро муҳимтарин чолиши пешорӯ хонд ва афзуд, тақвияти ниҳоди хонавода, сомондеҳии равобит дар хонавода, посдорӣ аз каромати зан ва таъмини амнияти онон бо рӯйкарди динӣ бояд сарлавҳаи кори сарпарастони умури занон бошад.

Вай инсиҷоми даруни иҷтимоъ ва ҳамсӯйии ниҳодҳои ҳукуматӣ бо ҷойгоҳи саҳеҳи занро хостор шуд ва таъкид кард, ин нишаст фурсати муносибе барои табодули андешаҳо ва роҳкорҳои бурунрафт аз мушкилоти занон дар ҷавомеи исломӣ аст.

 Устондори Хуросони Разавӣ ҳам ба мавзӯи “Машҳад- 2017” ба унвони пойтахти фарҳангии ҷаҳони Ислом ва зарфиятҳои маънавӣ ва фарҳангии шаҳри Машҳад пардохт ва таъкид кард, дар ҷаҳони имрӯз, ки фирқаҳое аз гурӯҳҳои такфирӣ дар ҷиҳати махдуш кардани чеҳраи Исломи ноби муҳаммадӣ дар ҷаҳонанд, бояд беш аз пеш нисбат ба шинохти дасисаи онон ҳушёр бошем.

 Алиризо Рашидиён ягона роҳи саодати муслимин, ба вижа занони кишварҳои мусалмониро ваҳдат ва ҳамбастагӣ донист ва афзуд, ҳамон гуна ки Паёмбари азимушшаъни Ислом (с) ҳадафи аслии худро тарвиҷи маориф ва фарҳанги Ислом муаррифӣ кард, мо хидматгузорони ин хитта вазифаи худ медонем, ки аз ин машйи набавӣ табаият ва аз бистари ин интихоб (пойтахти фарҳангии ҷаҳони Ислом) ниҳояти баҳраро дар таҳкими ваҳдати муслимин бибарем.

Устондори Хуросони Разавӣ занонро мазҳари меҳр, отифа ва муҳаббати илоҳӣ баршумурд ва гуфт: “Мо ба ҳукми ақлонияти исломӣ бояд ғубори хушунат ва инҳирофотро, ки аз ҷониби гурӯҳҳои мунҳариф ба исми мазҳаб ва дин тарвиҷ мешавад, аз чеҳраи “исломи сохтагӣ”-и онон бизудоем ва чеҳраи воқеии Исломро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунем ва дар ин масир мушорикат ва ҳамроҳии занони кишварҳои мусалмониро хоҳонем”.

 Вазири таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии Ҷумҳурии Исломии Эрон низ Хуросонро маҳди дониш, фарҳанг ва маънавияти исломӣ номид ва афзуд, Хуросон сарзамини гуфтугӯи байнитамаддунӣ аст ва интихоби ин шаҳр ба унвони пойтахти фарҳангии ҷаҳони Ислом интихобе шоистааст.

Алии Рабеӣ гуфт, дар ҷаҳоне, ки саросар дар ҳоли тағйир дар сохтори аҷзои ҷомеа ва занон ба унвони муҳимтарин ҷузъи он аст, навандешӣ ва бозофаринии қавоиди иҷтимоӣ ва маорифи дурусти нақши зан дар ҷомеа зарурате иҷтинобнопазир аст. Вай таъкид кард, мубориза бо тафаккуроти илқоӣ ба номи дин ва ҳифозат аз конуни хонавода аз садамоти тағйироти навини иҷтимоӣ, асоситарин вазифаи коргузорони умури занон дар ҷавомеи исломӣ аст.

Дар нишасти тахассусии вазирони умури занони кишварҳои исломӣ бо унвони “Сиёсатгузории иҷтимоӣ ва хонавода дар ҷавомеи исломӣ - илзомот ва боистҳо”, вазирони ҳавзаи занон аз кишварҳои Туркия, Индонезия, ҷумҳурии Озарбойҷон, Мавритания, Афғонистон, Ироқ, Бангладеш, Сурия, Покистон ва Нигерия ҳузур доранд.

 Ин нишаст аз сӯйи Созмони илмӣ, фарҳангӣ ва омӯзишии Созмони ҳамкории исломӣ ва бо мушорикати вазорати хориҷа ва Вазорати фарҳангу иршод исломии Эрон баргузор мешавад.

 Нишасти тахассусии вазирони умури занони кишварҳои исломӣ дар чорчӯби рӯйдоди “Машҳад -2017” ба унвони пойтахти фарҳангии ҷаҳони Ислом баргузор мешавад.