Апрел 27, 2017 17:32 Asia/Dushanbe
  • Эрон: Покистон бояд посухгӯи иқдомоти террористҳо дар хокаш бошад

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, гуфт, давлати Покистон бояд дар бораи наҳваи ҳузури гурӯҳакҳои шарир (бадкор, шарур) дар хоки худ ва амалиёти онон зидди Эрон, посухгӯ бошад.

Баҳроми Қосимӣ рӯзи панҷшанбе, шаҳодати ҷамъе аз марзбобонии Эронро дар ҳамлаи афроди мусаллаҳ дар марзи Покистон, таслият гуфт ва афзуд, амалиёти террористии афроди мусаллаҳ ва гурӯҳакҳое, ки абзори дасти мураввиҷони (ривоҷ диҳанда) шинохта шудаи хушунат, ифрот ва такфир ҳастанд, дар марзҳои Эрон ва Покистон маҳкум ва ғайриқобили пазириш аст.

Қосимӣ афзуд, кишварҳое, ки дар эътилофҳои зидди террористӣ мушорикат доранд, бояд посух диҳанд чигуна аз муқобила бо гурӯҳакҳо ва афроди мусаллаҳ ва террористӣ дар хоки худ оҷизанд?

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон тасреҳ кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон зимни пайгирии ин мавзуъ, аз ҳамаи роҳҳои дипломатӣ ва сиёсӣ, ҳаққи дафъи шароратро барои худ маҳфуз медонад.

Чаҳоршанбе шаб дар пайи камини террористҳо дар нуқтаи сифри марзии Эрон бо Покистон, 10 нафар аз марзбонони минтақаи Мирҷоваи устони Систон ва Балучистони Эрон, ҳангоми гаштзанӣ ба шаҳодат расиданд.

Гурӯҳаки такфирӣ, ки худро “Ҷайш ул Адл” меномад, масъулияти ин ҳамлаи террористиро бар уҳда гирифтааст.

Ба гуфтаи Алӣ Муваҳҳидирод- додситони умумӣ ва инқилоби шаҳри Зоҳидон- маркази устони Систон ва Балучистон, афроди мусаллаҳ пас аз даргирӣ ва ба шаҳодат расондани марзбонони эронӣ, ба умқи хоки Покистон фирор карданд.

 

 

Барчасп