Апрел 28, 2017 15:47 Asia/Dushanbe
  • Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Ҳузури эрониён дар интихобот душманонро ноумед мекунад

Имоми ҷумъаи Теҳрон аз мардуми Эрон хост, бо ҳузури густурда дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ ва шӯроҳои шаҳру русто, ки рӯзи 19 майи соли 2017 баргузор мешавад, душманонро ноумед кунанд.

Оятуллоҳ Сайидоҳимид Хотамӣ дар хутбаҳои ин ҳафтаи намози ҷумъаи Теҳрон авлавияти низоми исломии Эронро ҳузури бо шукӯҳи мардум дар интихоботи 29-уми урдибиҳишт (19 май) дониста гуфт, ҳузури густурдаи мардуми Эрон пойи сандуқҳои раъй душманонро шигифтзада ва маъюс хоҳад кард. Оятуллоҳ Хотамӣ аз раисҷумҳури ояндаи Эрон хост, ба ҳалли мушкилоти маишии мардум таваҷҷуҳи вижа дошта бошад ва дар муқобили ҷанги фарҳангии душман, иҳонатҳои душманон ба низоми исломӣ ва фасоду ашрофигарӣ мавзеи қотеъ ва сахт бигирад. Имоми ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин бо ишора ба шаҳодати теъдоде аз марзбонони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар марз бо Покистон ба хонаводаҳои доғдори ин марзбонон таслият гуфта, ба Исломобод ҳушдор дод, хоки Покистон набояд ба маҳалли амне барои террористҳо табдил шавад. Оятуллоҳ Хотамӣ таъкид кард, идомаи ин вазъ ва ҳамалоти террористӣ аз хоки Покистон зидди Эрон ба зиёни Исломобод хоҳад буд.

Шаби чаҳоршанбе дар камини террористҳо дар нуқтаи сифри марзи Эрон бо Покистон 10 нафар аз марзбонони минтақаи Мирҷоваи устони Систон ва Балучистони Эрон ҳангоми гаштзанӣ ба шаҳодат расиданд.

 

Барчасп