Рӯҳонӣ: Покистон омилони ҳамлаи террористиро ба сазои аъмолашон бирасонад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i16364-Рӯҳонӣ_Покистон_омилони_ҳамлаи_террористиро_ба_сазои_аъмолашон_бирасонад
Дар пайи шаҳодати марзбонони эронӣ дар марзи Покистон раисҷумҳури Эрон дар паёме ба нахуствазири Покистон аз ин ки бо вуҷуди ваъдаҳои мақомоти Покистон ҳамчунон тааррузоти ашрору гурӯҳҳои террористӣ аз хоки Покистон алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон такрор мешавад, ибрози нохурсандӣ кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 28, 2017 11:33 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Покистон омилони ҳамлаи террористиро ба сазои аъмолашон бирасонад

Дар пайи шаҳодати марзбонони эронӣ дар марзи Покистон раисҷумҳури Эрон дар паёме ба нахуствазири Покистон аз ин ки бо вуҷуди ваъдаҳои мақомоти Покистон ҳамчунон тааррузоти ашрору гурӯҳҳои террористӣ аз хоки Покистон алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон такрор мешавад, ибрози нохурсандӣ кард.

Ҳасани Рӯҳонӣ дар паёми худ ба Муҳаммад Навоз Шариф, нахусти вазири Покистон аз ӯ хост, барои ҳифзу густариш додани равобити хубу бародаронаи ду кишвар дастур диҳад, омилони ин иқдоми террористӣ таҳти пайгарди қонунӣ қарор гирифта, ба дасти адолат супурда шаванд. Рӯҳонӣ дар ин паём таъкид кардааст, хоки Эрон ҳеҷ гоҳ алайҳи ҳамсоягонаш, аз ҷумла Покистон мавриди сӯистифода қарор нагирифта, аммо муттаассифона, адами иқдому бархӯрди лозим дар баробари бадкорони мусаллаҳ боиси кушта шудани марзбонони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва баъзан мардуми бегуноҳ шудааст. Рӯҳонӣ дар паёми худ афзудааст, марзҳои Эрон ва Покистон ҳамвора марзҳои амн буда, Эрон субот, амният, рушд ва шукуфоии Покистонро дастури кори аслии худ дар равобити дуҷониба қарор додааст.

Дар пайи ҳодисаи террористии шаби чаҳоршанбе, ки ба шаҳид шудани 10 тан аз марзбонони эронӣ мунҷар шуд, ҳамчунин сафири Покистон дар Теҳрон ба Вазорати умури хориҷии Эрон эҳзор ва маротиби эътирози Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ӯ расонида шуд. Сафири Покистон дар Теҳрон низ зимни ибрози таслият ва изҳори ҳамдардӣ бо давлату миллати Эрон бинобар ҳодисаи террористии ахир итминон дод, маротибро дар аввалин фурсат ба давлати худ интиқол медиҳад.