Фармондеҳи Сипоҳи посдорони Эрон: Террористон ба сазои аъмолашон мерасанд
(last modified Sat, 29 Apr 2017 15:11:57 GMT )
Апрел 29, 2017 20:11 Asia/Dushanbe

Фармондеҳи нерӯи заминии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба хонаводаҳои марзбонони эронӣ, ки рӯзи чаҳоршанбе ба шаҳодат расиданд қавл дод, қотилони фарзандони онҳо ба сазои аъмолашон хоҳанд расид.

Ба гузориши хабаргузории  Садо ва симои Эрон, генерал Муҳаммад Покпур рӯзи шанбе гуфт, ҳодисаи террористӣ дар Мирҷова нишон дод, ки ҳеч амнияте дар ҳамсоягони шарқии мо вуҷуд надорад ва хоки кишвари ҳамсоя макони амне барои террористҳо шудааст.

Вай афзуд, масъулияти мустақими ин ҳодиса бо давлати Покистон аст, зеро аз дохили хоки ин кишвар марзбонони моро ҳадаф қарор додаанд.

Фармондеҳи нерӯи заминии Сипоҳи посдорон бо ишора ба шарорати террористон дар шарқи кишвар дар рӯзҳои ахир гуфт, амнияте, ки дар умқи хоки Эрон ба вуҷуд омада, шароитро ба гунае рақам задааст, ки душман аз он сӯи марзҳо ба марзбонони мо ҳамла мекунад ва по ба фирор мегузорад.

Генерал Покпур гуфт, «террористон ҳарҷо, ки бошанд аз сӯрохҳояшон берун хоҳем кашид ва ба сазои аъмолашон хоҳем расонд.»

Чаҳоршанбешаб дар марзи Эрон бо Покистон, 10 нафар аз марзбонони минтақаи Мирҷова дар устони Систон ва Балучистони Эрон ҳангоми гаштзанӣ, дар ҳамлаи ашрори мусаллаҳ, ки аз марзи Покистон вориди хоки Эрон шуданд ба шаҳодат расиданд.

Гурӯҳаки террористии такфирӣ, ки худро Ҷайш ул Адл мехонад, аммо миёни мардуми минтақа ба ҷайш ул зулм маъруф шудааст, масъулияти ин ҳамлаи террористиро бар ӯҳда гирифтааст.