Милоди ҳазрати Имом Ҳусайн (а) муборак бод
(last modified Sun, 30 Apr 2017 04:12:51 GMT )
Апрел 30, 2017 09:12 Asia/Dushanbe
  • Милоди ҳазрати Имом Ҳусайн (а) муборак бод

Эрони исломӣ дар шаби солрӯзи милоди ҳазрати имом Ҳусайн (а), набераи Паёмбари гиромии Ислом (с) ва солори шаҳидони ҷаҳон, ғарқи дар шӯру шодӣ буд.

Имрӯз якшанбе 30 апрели 2017 баробар бо сеюми шаъбони 1438 ҳиҷрии қамарӣ- мусодиф бо вилодати ҳазрати имом Ҳусайн (а) набераи Паёмбари гиромии Ислом (с) ва рӯзи посдор аст.

Сеюми шаъбон, солрӯзи милоди саросар майманати бузурги посдори Ислом ва шариат Муҳаммадӣ (с) аст, ки бо фидокории беназири хеш дар Карбало, дарст озодагӣ ва иззатро ба ҳамат ҷаҳониён омӯхт; Шахсияти бузург, ки намунат дифоъ ва посдорб аз Қуръони карим ва Исломи азиз шуд.

Ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ) бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон, рӯзи милоди имом Ҳусайн (а)-ро рӯзи посдор ном ниҳод то иззат, озодагӣ ва басирати имоми сеюми шиаён то ҳамеша усва ва намунаи зиндагӣ ва сираи шиаёнаш ба хусус посдорони инқилоби исломӣ шавад.

Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба унвони як нерӯи низомии муассир дар ҳифз ва нигаҳдори аз инқилоби исломии Эрон ва низоми ҷумҳурии исломӣ, аз ифтихороти бузурге аст, ки ҳамвора дар таърихи Эрон медурахшад.

Садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон, ин рӯзро ба ҳамаи мусулмонон ва озодихоҳони ҷаҳон табрик мегӯяд.