Апрел 30, 2017 19:48 Asia/Dushanbe
  • Эрон дар тавлиди бензин худкафо шуд

Ҳамзамон бо рӯзи миллии Халиҷи Форс дар Эрон, раисҷумҳури исломии Эрон фазаи нахусти полоишгоҳи ситораи Халиҷи Форсро дар устони ҷанубии Ҳурмузгон ифтитоҳ кард.

Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи якшанбе дар маросими баҳрабардорӣ аз фазаи нахусти полоишгоҳи ситораи Халиҷи Форс гуфт: Баҳрабардорӣ аз ин тарҳ ва худкафоӣ дар тавлиди бензин, ифтихоре барои миллати Эрон аст .

Сардор Абодуллоҳ Абдуллоҳӣ, фармондеҳи қароргоҳи созандагии Хотамуланбиё (с)-и Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ҳам дар ин маросим гуфт: Бо баҳрабардорӣ аз марҳалаи нахусти полоишгоҳи ситораи Халиҷи Форс, рӯзона 12 миллион литр бензин бо стандарти евро4, чаҳору ним миллион литр газоили евро4, як миллион литр нафти сафеди евро4 ва як миллиону 300 ҳазор литр гази моеъ (LPG)-и евро4 тавлид мешавад .

Сардор Абдуллоҳӣ афзуд: Бо баҳрабардории комил аз полоишгоҳи ситораи Халиҷи Форс ва тавлиди 36 миллион литр бензини бокайфияти евро4 ва 5, тавлиди бензин дар Эрон ба беш аз 100 миллион литр дар рӯз хоҳад расид, ки афзун бар бениёзӣ ба воридот, Эрон ба содиркунандаи бензин табдил хоҳад шуд.

Дар ҳоли ҳозир, ниёзи Эрон ба бензин, 59 миллион литр дар рӯз аст, ки беш аз 10 миллион литри он аз хориҷи кишвар таъмин мешавад .

 

Барчасп