Апрел 30, 2017 20:43 Asia/Dushanbe
  • Фоида бурдани минтақа аз ҳамкории Эрону Русия

Дастёри вижаи раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар умури байналмилал гуфт: Мавозеи муштарак ва қавии Эрону Русия дар мубориза бо терроризм, кумаки муассире ба сулҳу суботи ҷаҳонӣ аст.

Ба иттилои Ирно, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён рӯзи якшанбе дар дидори Леван Ҷагарян, сафири Русия дар Теҳрон афзуд: Музокираи сиёсӣ танҳо роҳҳалли буҳронҳои минтақа аст, ки бояд мавриди таваҷҷуҳи ҷиддии ҳамаи тарафҳое, ки хоҳони сулҳу субот ҳастанд, қарор гирад .

Амирабдуллоҳиён ба муносиботи хуби Эрону Русия низ ишора карду гуфт: Ҳамкории Эрону Русия дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва парлумонӣ ба суди ҳамаи кишварҳои минтақа аст .

Дастёри вижаи раиси Маҷлиси Эрон дар умури байналмилал ҳамчунин бар зарурати ҳамкории муштараки парлумонии Эрону Русия дар мавзуоти минтақаӣ ва байналмилалӣ таъкид кард ва афзоиши иртибот миёни маҷолиси ду кишвар аз ҷумла миёни комиссияҳои тахассусиро дар тавсеаи муносиботи дуҷониба муассир донист .

Леван Ҷагарян, сафири Русия дар Эрон низ дар ин дидор бо ишора ба мавозеи ҳамсӯ ва муштараки ду кишвар аз ҷумла тамаркуз бар ҳалли сиёсии буҳронҳо ва муборизаи ҷиддӣ бо терроризм гуфт: Иртибототи хуби Эрону Русия дар сутуҳи мухталиф сабаби ҳамоҳангӣ ва иқдоми муштарак барои кумак ба барқарории сулҳу субот дар Ховари Миёна шудааст .

 

Барчасп