Май 02, 2017 19:53 Asia/Dushanbe
  • Саноати мошинсозии Эрон вориди рақобати ҷаҳонӣ шуд

Раисҷумҳури Эрон гуфт, барои аввалин бор саноати мошинсозии Эрон вориди рақобати ҷаҳонӣ шуда, 30 дарсад аз мошинҳои ҷадидаш ба дунё содир мешавад.

Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи сешанбе дар ҳошияи ифтитоҳи хати тавлиди мошини тамомэронии «Деноплас» ва мошини эронӣ-фаронсавии «Пежо-2008» дар гурӯҳи саноати Эронхудрав гуфт, пешрафт, истиқлоли иқтисодӣ, худиттикоӣ ва худкифоӣ дар сояи тавлиди миллӣ ба даст меояд. Ӯ афзуд, имрӯз дар ин ҷо ду хати тавлиди мошин расман ифтитоҳ ва шурӯъ ба баҳрабардорӣ мекунад, ки яке “Деноплас” буда, қисмҳои эҳтиётии он сад дарсад эронӣ аст ва дигаре мошини “Пежо-2008” аст, ки ба сурати муштарак ва бо сармоягузории 50-50 миёни Эрону Фаронса тавлид мешавад. Рӯҳонӣ гуфт, аввалин бор аст, ки Эрон дар саноати мошинсозӣ вориди рақобати ҷаҳонӣ шудааст ва 30 дарсад аз худравҳое, ки дар ин ду хати ҷадид тавлид ва монтажи ниҳоӣ мешаванд, ба дунё содир хоҳад шуд.

Раиси Ҷумҳурии Эрон рӯзи вуруди Эрон ба рақобати ҷаҳонӣ дар замина мошинсозиро рӯзи муборак барои саноати мошинсозӣ, муҳандисон ва коргарони эронӣ донист.

Мошини “Деноплос” сад дарсад эронӣ аст ва “Пежо-2008” низ тавлиди муштараки Эрон ва Фаронса аст, ки бо сармоягузори мусовии ду кишвар дар гурӯҳи саноати Эронхудрав тавлид мешавад.

 

Барчасп