Май 02, 2017 20:12 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи 30-юмин давраи Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон

Сиюмин Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон рӯзи сешанбе бо ҳузури Алии Лориҷонӣ, раиси парлумон ва Сайидризо Солеҳи Амирӣ, вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Теҳрон ифтитоҳ шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Алии Лориҷонӣ рӯзи сешанбе дар оини ифтитоҳияи Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон гуфт, таваҷҷуҳ ба илму ақлоният дар Эрон собиқае куҳан дорад ва дар Қуръони карим, ҳамчунин китобҳои ҳадис илм ва ақлоният дар муқоиса бо дигар мавзӯот бисёр мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Раиси парлумони Эрон афзуд, дар ҳавзаҳои мухталиф китобҳои хубе дар Ҷумҳурии Исломии Эрон арза мешавад ва Эрон ҷойгоҳи худро дар ҳавзаи китоб дар ҷаҳон пайдо кардааст. Лориҷонӣ ҳамчунин аз интихоби Италия ба унвони меҳмони вижаи ин намоишгоҳ қадрдонӣ карда гуфт, Эрон ва Италия кишварҳои боазамати таърихӣ ва муртабит бо ҳам ҳастанд.

Сиюмин Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон бо шиори «Як китоб бештар бихонем» аз рӯзи чаҳоршанбе, 3-юми май оғоз шуда, то 13-уми май идома хоҳад дошт. Дар ин давра аз Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон 2 782 ношири дохилию хориҷӣ дар фазое ба вусъати 135 ҳазор метри мураббаъ китобҳои худро пешниҳод мекунанд. Кишвари меҳмон вижаи ин давраи намоишгоҳ Италия ва шаҳри меҳмон низ Истанбули Туркия аст.