Зариф: Табаддулот дар минтақаи мо ҷое надорад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i166-Зариф_Табаддулот_дар_минтақаи_мо_ҷое_надорад
Вазири умури хориҷии Эрон аз пирӯзии ҳаводорони давлати мунтахаб бар табаддулотчиён ҳимоят кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 16, 2016 06:19 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Табаддулот дар минтақаи мо ҷое надорад

Вазири умури хориҷии Эрон аз пирӯзии ҳаводорони давлати мунтахаб бар табаддулотчиён ҳимоят кард.

Муҳаммадҷаводи Зариф, рӯзи шанбе дар вокуниш ба таҳаввулоти ахир дар Туркия дар паёме дар сафҳаи "Твиттер"-и худ навишт: "Дифои шӯҷоонаи мардуми Туркия аз демократия ва ҳукумати мунтахаби худ ин амрро собит кард, ки табаддулот дар минтақаи мо ҳеҷ ҷойгоҳе надорад ва маҳкум ба шикаст аст".