Май 03, 2017 14:26 Asia/Dushanbe
  • Ройзании вазири хориҷаи Эрон бо вазири дохилаи Покистон дар Исломобод

Вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Исломобод бо Чудринисор Алихон, вазир дохилаи Покистон дидор ва дар бораи масоили мухталиф, аз ҷумла амниятӣ гуфтугӯ кард.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Эрон, ки бо ҳадафи пайгирии ҳамлаи террористии чаҳоршанбеи гузашта наздики марзи Покистон бо Эрон ва шаҳодати теъдоде аз марзбонони эронӣ, ба Исломобод сафар кардааст, рӯзи чаҳоршанбе бо Чудринисор Алихон, вазири дохилаи Покистон дидор ва дар бораи тақвияти ҳамкориҳои марзии ду кишвар ва роҳҳои мубориза бо терроризм гуфтугӯ кард.

Муҳаммадҷаводи Зариф ва Чудринисор Алихон дар ин дидор бар тақвияти амният дар марзҳои Эрон ва Покистон ва бастани роҳҳои нуфузи гурӯҳакҳои террористӣ таъкид карданд.

Чаҳоршанбешаби 26 апрел дар пайи камини террористҳо дар нуқтаи сифр марзии Эрон бо Покистон 9 нафар аз марзбонон минтақаи Мирҷоваи устони Систон ва Балучистони Эрон ҳини гаштзанӣ ба шаҳодат расиданд ва яке аз марзбонони маҷрӯҳ низ тавассути террористҳо ба хоки Покистон мунтақил шуд. Гурӯҳаки такфирӣ, террористии “Ҷайшуззулм” масъулияти ин ҳамлаи террористиро бар ӯҳда гирифтааст.

Вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон субҳи рӯзи чаҳоршанбе дар садри ҳайати сиёсӣ, низомӣ ва амниятӣ вориди Исломобод, пойтахти Покистон шуд.

 

Барчасп