Май 03, 2017 15:32 Asia/Dushanbe

Ба муносибати бузургдошти рӯзи муаллим, аз мудирон ва мударрисони ҳавзаҳои илмияи аҳли суннати устонҳои Хуросони Разавӣ, шимол ва ҷанубии Эрон дар Машҳад таҷлил шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муртазо Юсуфиирод, муовини омӯзиш ва пажуҳиши мадориси улуми динии аҳли суннати Эрон дар ин маросим гуфт, 12 ҳазор талабаи марду зан дар 350 мадрисаи улуми динии аҳли суннат дар саросари Эрон ба таҳсил машғул ҳастанд .

Вай афзуд: Душманон мехоҳанд, дин дар арсаи мудирияти кишварҳо ҳузур надошта бошад ва ҷудоии дин аз сиёсатро таблиғ мекунанд дар ҳоле, ки дину сиёсат дар омӯзаҳои исломӣ бо якдигар ҳастанд .

Ҳуҷҷатулислом Акбари Фарҷом, раиси дафтари намояндагии валии фақиҳ дар умури аҳли суннати устонҳои Хуросон низ дар ин маросим гуфт: Ироаи хадамоти яксон байни ҳавзаҳои илмияи аҳли ташайюъ ва тасаннун, мавриди таъкиди раҳбари инқилоби исломӣ аст ва бар ҳамин асос низ амал мешавад .

Мавлавӣ Шарифиддини Ҷомӣ, имом ҷумъаи аҳли суннати Турбати Ҷом ва Мавлавии Ғуломнабии Неъматӣ аз мударрисони ҳавзаи илмияи аҳли суннати Тойбод дар суханоне дар ин маросим бар зарурати мудоро ва эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти мазоҳиби мухталиф, такя кардани мусулмонон ба иштирокот ва ҳифзи ваҳдати исломӣ бар асоси таълимоти паёмбари акрам (с) таъкид карданд .

Дар маросими гиромидошти рӯзи муаллим, ки бо ҳузури 300 нафар аз мудирон, мударрисон ва туллоби ҳавзаҳои илмияи аҳли суннати устонҳои Хуросони Разавӣ, шимолӣ ва ҷанубӣ дар Машҳад баргузор шуд, аз мудирону мударрисони бартари ин ҳавзаҳои илмия қадрдонӣ шуд .