Май 03, 2017 19:37 Asia/Dushanbe
  • Баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон дар чаҳор шаҳри Чин

Давоздаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон дар чаҳор шаҳри кишвари Чин баргузор мешавад.

Ба иттилои Ирно, сафорати Эрон дар Чин рӯзи чаҳоршанбе бо судури баёнияе эълом кард, илова бар сафоратхонаҳои ҷумҳурии исломии Эрон дар Пекин, консулгариҳои Эрон дар шаҳрҳои Шанҳай, Гуванк Ҷу ва Ҳонконг низ мизбони эрониёни муқими кишвари Чин барои ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон ҳастанд .

Ба гуфтаи Ҳасани Қашқовӣ, раиси ҳайъати марказии назорат бар интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон дар хориҷ аз кишвар, ин интихобот дар 103 кишвар ва 132 намояндагӣ ва ҳамчунин 279 шуъбаи ахзи раъй баргузор мешавад .

Ду миллиону 500 ҳазор эронии хориҷ аз кишвар, дорои шароити раъй додан дар интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон ҳастанд .

Интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон 19 майи 2017 баргузор мешавад .

 

Барчасп