Ҷон бохтани маъданчиён ва се рӯз азои умумӣ дар устони Гулистони Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i16638-Ҷон_бохтани_маъданчиён_ва_се_рӯз_азои_умумӣ_дар_устони_Гулистони_Эрон
Дар пайи ҷон бохтани шуморе аз маъданчиён дар як маъдани ангиштсанг дар шимоли Эрон, се рӯз азои умумӣ дар ин устон эълом шуд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Май 04, 2017 09:35 Asia/Dushanbe
  • Ҷон бохтани маъданчиён ва се рӯз азои умумӣ дар устони Гулистони Эрон

Дар пайи ҷон бохтани шуморе аз маъданчиён дар як маъдани ангиштсанг дар шимоли Эрон, се рӯз азои умумӣ дар ин устон эълом шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳудуди 35 нафар аз маъданчиён дар маъдани ангиштсанги “Зимистон-юрт”-и Озодшаҳр, дар устони Гулистон, дар шимоли Эрон бар асари инфиҷор дар ин маъдан маҳбус шуданд, ки имдодгарон пайкари беҷони дастикам 21 нафарро пайдо кардаанд.

 62 осебдидаи ин ҳодиса ҳам ба марокизи дармонӣ мунтақил  шудаанд, аммо ҳамчунон теъдоде аз маъданчиён дар тунели ҳазору 300 метрии маъдан гирифторанд.

Ҳусайн Содиқлу, устондори Гулистон иллати ҳодисаро насби иштибоҳи ботрии локомотиви дохили маъдан, иттисоли барқ ва инфиҷори бархоста аз гази метан дар дохили тунели маъдан эълом кардааст.

 Устондор ва намояндаи валии фақеҳ дар устони Гулистон, ҷон бохтани теъдоде аз маъданкорони маъдани ангиштсанги “Зимистон-юрт”-и Озодшҳрро таслият гуфт ва дар ин устон се рӯз азои умумӣ эълом карданд.