Май 04, 2017 13:03 Asia/Dushanbe
  • Қосимӣ гуфт, ин гуна изҳороти мақоми Саудӣ дур аз хиради сиёсӣ ва хатое роҳбурдӣ аст.
    Қосимӣ гуфт, ин гуна изҳороти мақоми Саудӣ дур аз хиради сиёсӣ ва хатое роҳбурдӣ аст.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба изҳороти ситезаҷӯёнаи ҷонишини валиаҳди Арабистон гуфт, ин изҳорот санади ошкори даст доштани Риёз дар тарвиҷи терроризм дар минтақа аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммад бин Салмон рӯзи сешанбе дар мусоҳиба бо телевизиони Арабистон гуфт, Арабистону Эрон ҳеч нуқтаи тафоҳуме надоранду Арабистон Эронро майдони ҷанг хоҳад кард.

Вай ҳамчунин дар изҳороте аҷиб муддаӣ шуд, Эрон қасд дорад “қиблаи мусулмононро ишғол кунад”.

Баҳроми Қосимӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон чаҳоршанбешаб дар вокуниш ба ин изҳороти ғайримасъулона афзуд, изҳороти Муҳаммад бин Салмон дар хушбинонатарин ҳолат, бархоста аз фаҳми нодурусти шароити минтақа аст.

Қосимӣ гуфт, ин гуна изҳорот дар ҳоле ки минтақаи танишолуди ғарби Осиё ба тафоҳуму ҳамкорӣ миёни кишварҳо ниёзманд аст, дур аз хиради сиёсӣ ва хатое роҳбурдӣ аст.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо ишора ба иддаоҳои матраҳшуда дар изҳороти ин шоҳзодаи саудӣ таъкид кард, он чӣ барои Ҷумҳурии исломии Эрон аҳамият дорад, ваҳдати ҷаҳони Ислом ва ҳамгароии кишварҳо барои бурунрафт аз буҳронҳои бисёр дар ин минтақаи ҳассос аст.

Ба гуфтаи Қосимӣ буҳронҳои Ховари миёна, аз ҷумла рушди тафаккуроти ифротӣ ва терроризми такфирӣ, дар мудохилоти хориҷӣ ва андешаҳои фирқагароёнаи ваҳобияти Арабистони Саудӣ реша дорад.

 

Барчасп