Таъкиди хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бар ваҳдату инсиҷом дар Эрон
(last modified Fri, 05 May 2017 10:58:39 GMT )
Май 05, 2017 15:58 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бар ваҳдату инсиҷом дар Эрон

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон гуфт, дар тамоми мароҳили баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон бояд ваҳдати миллӣ ва инсиҷоми сиёсии Эрон ҳифз шавад.

Оятуллоҳ Муҳаммад Имоми Кошонӣ дар хутбаҳои ин ҳафтаи намози ҷумъаи Теҳрон афзуд, мавзӯи интихоби раисҷумҳури Эрон муҳим аст, аммо муҳимтар аз ин мавзӯъ инсиҷоми кишвар ва ваҳдати миллати Эрон аст, зеро ин миллат дар 38 соли гузашта бо исор ва фидокорӣ аз Инқилоби Исломии Эрон ҳимоят ва ин инқилобро ба ҷойгоҳи кунунӣ дар минтақа ва ҷаҳон расондаанд. Имоми Кошонӣ ба тарроҳӣ ва тавтеаҳои душман барои нуфуз ва зарба задан ба Инқилоби Исломии Эрон ишора карда гуфт, дар ҷараёни таблиғот ва баргузории интихобот дар Эрон набояд бо тарҳи бархе мавзӯот оромиш аз ҷомеа гирифта шавад.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ба таваҷҷуҳи номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон ба маънавияту ваҳдати ҷомеа таъкид карда афзуд, дар ҳар шароите бояд инсиҷоми сиёсии кишвар ҳифз ва тавтеаи душманон барои зарба задан ба ваҳдати миллати Эрон ноком шавад.

 

Барчасп