Афзоиши теъдоди ҷонбохтагони ҳодисаи Озодшаҳри устони Гулистон
Май 05, 2017 17:05 Asia/Dushanbe
Теъдоди ҷонбохтагони ҳодисаи маъдани Озодшаҳри устони Гулистони Эрон бо пайдо шудани чаҳор ҷасади дигар ба 26 нафар расид.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Пирҳусейн Куливанд, раиси Ёрии таъҷилии Эрон бо эъломи ин хабар афзуд, то кунун пайкари беҷони 21 коргари ин кон пас аз иҳрози ҳувият ба хонаводаҳо таҳвил шудааст. Куливанд афзуд, имдодрсонӣ ҳамчунон идома дорад.
Ҳодисаи инфиҷори кони ангишти «Зимистон юрт»-и Озодшаҳр зуҳри рӯзи чаҳоршанбе рӯй дод. Кони ангишти Озодшаҳр дар 90-километрии шарқи Гургон, маркази устони Гулистон қарор дорад.