Сафари Зариф ба Кобул, фурсате барои ройзаниҳои дуҷониба
Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷа рӯзи якшанбе дар садри як ҳайъати сиёсӣ ба даъвати ҳамтои афғони худ ва дар садри ҳайъате сиёсӣ ба Кобул, пойтахти Афғонистон сафар кард. Вай дар ин сафар бо Салоҳиддини Раббонӣ, вазири хориҷаи ин кишвар дидор ва дар хусуси масоили дуҷониба, минтақаӣ ва байналмилалӣ гуфтугӯ кард.
Вазири хориҷаи Эрон дар нишасте хабарӣ, омодагии Эронро барои идомаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ бо Афғонистон эълом карду гуфт: Ду кишвар заминаи ҳамкории зиёде аз ҷумлаи муқобила бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир доранд, ки ин ҳамкориҳо ба нафъи ду миллат аст .
Салоҳиддини Раббонӣ, вазири умури хориҷаи Афғонистон ҳам дар ин нишасти хабарӣ бо таъкид бар тавсеаи равобити Эрону Афғонистон, зарурати мубориза бо терроризмро хотирнишон ва гуфт: Муборизаи ҷаҳонии зидди терроризм замоне муваффақ аст, ки ҳамаи кишварҳо ба таърифи ҷомеъ аз терроризм даст ёбанд ва бидуни тақсими терроризм ба терроризми хуб ва бад бо он бархурд кунанд .
Вазири умури хориҷаи Эрон дар идомаи сафари худ ба Афғонистон, бо Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳур ва ҳамчунин бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои иҷроии давлати ваҳдати миллӣ ваМуҳаммад Ҳаниф Атмар, раиси Шӯрои амнияти миллии Афғонистон дидор ва гуфтугӯ кард .
Эрону Афғонистон баунвони ду кишвари ҳамсоя аз муштаракоти фаровон бархурдоранд, ки забону фарҳанг аз умдатарини онҳо маҳсуб мешавад. Ин бадон маъност, ки алоиқ ва ҳамбастагиҳои ду кишвар дар тӯли торих қавӣ буда ва акнун низ чунин аст.
Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамвора нисбат ба ҳамсоягони худ масъулона амал карда ва ҳусни ният доштааст. Ҷумҳурии исломии Эрон бар хилофи бархе кишварҳо аз ҷумла Амрико ва Англия, ҳамвора бо мардуми Афғонистон бо дидаи эҳтиром, бародарӣ ва меҳмоннавозӣ бархурд кардааст . Меҳмоннавозии мардуми Эрон аз мардуми Афғонистон дар солҳои ҷанг ва баъди он, фасле фаромушнашуданӣ дар равобити ду кишвар аст.
Дар масоили иқтисодӣ низ бузургтарин масири тиҷорӣ бо ҳамкории Эрону Ҳинд аз масири бандари Чобаҳор гушуда шудааст ва ин масир Афғонистонро аз инзивои иқтисодӣ хориҷ кард. Аммо мушкили асосӣ дар Афғонистон, ҳамчунон набуди амният аст ва давлат токунун натавониста ба сурати комил аз уҳдаи таъмини амният барояд. Аз сӯи дигар, афзоиши тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон аз дигар масоилест, ки ба як муъзали минтақаӣ ва байналмилалӣ табдил шудааст. Аз нигоҳи Эрон, ҳалли ин муъзалот ба авомили мутааддиде бастагӣ дорад, ки муҳимтарини он барқарории ҳокимияти якпорча дар Афғонистон аст. Аммо ин ҳадаф бо мавонеи зиёде мувоҷеҳ аст. Ҳамлаи Амрико ба Афғонистон ва ҳузури беш аз як даҳаи нерӯҳои Амрико ва НАТО дар ин кишвар ба баҳонаи барқарории амният ва супурдани амри мубориза бо тавлиди маводи мухаддир дар ин кишвар ба англисиҳо, ҳама бо натиҷаи сифр будааст.
Дар воқеъ, ончи Амрико ба Афғонистон додааст, на амният балки ноамнсозии ин кишвар ва муҳити перомунии он будааст. Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамвора иҳтимоми ҷиддӣ ба масолеҳ ва амнияти Афғонистон дошта ва дорад ва пешрафти ин кишвар дар ҳамаи заминаҳоро, пешрафти худ медонад. Масъалаи терроризм, маводи мухаддир, муҳоҷирон ва обҳои муштараки марзӣ аз ҷумлаи масоилест, ки Эрону Афғонистон метавонанд бо такя бар манофеъ ва амнияти муштарак онҳоро ҳал кунанд. Ончи дар шароити кунунӣ аҳаммият дорад, ин аст, ки аз фурсатҳо барои тавсеаи равобит ва тақвияти амнияти минтақа истифода шавад. Сафари Зариф ба Кобулро низ бояд дар ҳамин чорчуб арзёбӣ кард .