Май 07, 2017 19:45 Asia/Dushanbe
  • Идомаи ҳузури номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон дар арсаи таблиғот

Шаш номзади интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон дар барномаҳои мухталифи таблиғотии худ, бархе аз муҳимтарин барномаҳои худро дар ҳалли мушкилоти кунунии Эрон эълом карданд.

Ҳасани Рӯҳонӣ, номзади интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон шанбе шаб дар ҳамоиши муаллим, тавлид ва иқтисоди донишбунён дар Теҳрон, бо таъкид бар инки шикофи байни миллат маҳалли нуфузи душман аст, гуфт: Парчами ислом ва Эрон бояд парчами оромиш барои ҳамаи ақвом ва мазоҳиб бошад ва қудрату фарҳанги Эрон барои ҳамзистии мусолиматомез бо кишварҳои ҳамсоя ва ҷаҳон аст. Рӯҳонӣ ҳамчунин роҳи пешрафти Эронро тасоҳуби бозорҳои минтақа ва ҷаҳон донист .

Муҳаммадбоқири Қолибоф, яке аз шаш номзади интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон низ рӯзи шанбе дар гуфтугӯ бо хабаргузории Садо ва Симои Эрон, яке дигар аз барномаҳои отии худро ироаи хадамоти вижаи ҳуқуқӣ ба бознишастагон эълом карду гуфт: “Бознишастагони ояндаи тамомнамои касоне ҳастанд, ки имрӯз дар ҳоли хидматанд ва барои рафъи дағдағаҳои ин қишр барномарезӣ кардааст”.

Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ, дигар номзади давоздаҳумин интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон ҳам дар барномаи интихоботӣ дар шабакаи хабари Садо ва Симои Эрон бо ишора ба шиори “истиқлол, озодӣ ва ҷумҳурии исломӣ” ба унвони муҳимтарин ормонҳои инқилоби исломӣ таъкид кард: Инқилобигарӣ ба маънои дифоъ аз истиқлоли Эрон ва боло бурдани қудрати иқтисодӣ аст .

Мустафо Ҳошимитабо, яке аз номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон низ рӯзи шанбе дар гуфтугӯ бо хабаргузории Садо ва Симои Эрон, иқтисоди муқовиматиро сиёсате барои идораи иқтисоди Эрон баршумурду афзуд: “Илова бар мавзуи иқтисоди муқовиматӣ бояд ба масъалаи сарзаминӣ ва зистгоҳ таваҷҷуҳи кофӣ шавад ва ҳамроҳи он ислоҳи кишоварзӣ амалӣ гардад”.

Мустафо Оқомирсалим, дигар номзади давоздаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон ҳам дар суханронии худ дар Донишгоҳи Амиркабири Теҳрон гуфт: “Қочоқ монеи шаклгирии кору иштиғол дар Эрон аст ва агар имрӯз коргоҳҳо ва корхонаҳое, ки дар лабаи партгоҳи суқут ҳастанд, ҳифз накунем, иддае дигар бекор хоҳанд шуд”.

Иброҳими Раисии Содот, номзади интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон низ рӯзи шанбе дар Қум, ҷануби Теҳрон, амнияти имрӯзи Эронро ба баракати ҳузури пурранги мардум дар саҳнаҳо донист ва нигоҳ ба манобеъ ва сарвати кишвар, беэътимодӣ ба бегонагон ва муборизаи қотеъ бо бекорӣ, фақр ва фасодро аз роҳҳалҳои мушкилоти кунунии Эрон баршумурд.

Интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон 19 майи 2017 баргузор мешавад .

 

Барчасп