Афзоиши шумори ҷонбохтагони ҳодисаи маъдан дар шимоли Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i16836-Афзоиши_шумори_ҷонбохтагони_ҳодисаи_маъдан_дар_шимоли_Эрон
Шумори ҷонбохтагони ҳодисаи маъдани ангиштсанг дар шимоли Эрон, бо пайдои шудани 13 ҷасади дигар ба 35 нафар расид.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 08, 2017 06:38 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори ҷонбохтагони ҳодисаи маъдан дар шимоли Эрон

Шумори ҷонбохтагони ҳодисаи маъдани ангиштсанг дар шимоли Эрон, бо пайдои шудани 13 ҷасади дигар ба 35 нафар расид.

Ба гузориши хабаргузории ИСНА, Содиқалии Муқаддам, мудири кулли мудирияти буҳрони устони Гулистон, рӯзи душанбе эълом кард, талоши неруҳои имдодгари маъдан барои хориҷ кардани ин аҷсод аз туннели маъдан идома дорад.

Ҳодисаи инфиҷори маъдани ангиштсанги “Зимистон юрт”-и Озодшаҳр, рӯзи чаҳоршанбе сеюми май рӯй дод.

Маъдани ангиштсанги Озодшаҳр дар 90 километрии шарқи Гургон- маркази устони Гулистони Эрон қарор дорад.