Афзоиши шумори ҷонбохтагони ҳодисаи маъдан дар Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i16890-Афзоиши_шумори_ҷонбохтагони_ҳодисаи_маъдан_дар_Эрон
Имдодгарон ба пайкари беҷони 7 маъданкори дигар, ки дар паи ҳодисаи инфиҷори маъдани Зимистон Юрт дар Озодшаҳри устони Гулистон (шимоли Эрон) маҳбус шуда буданд, даст пайдо карданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 09, 2017 06:26 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори ҷонбохтагони ҳодисаи маъдан дар Эрон

Имдодгарон ба пайкари беҷони 7 маъданкори дигар, ки дар паи ҳодисаи инфиҷори маъдани Зимистон Юрт дар Озодшаҳри устони Гулистон (шимоли Эрон) маҳбус шуда буданд, даст пайдо карданд.

Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симо, Ризо Мурувватӣ, муовини умури умронии устондории Гулистон гуфт: Бо пайдо шудани пайкари ин афрод, шумори маъданкорони ҷонбохта дар ҳодисаи инфиҷори маъдани Озодшаҳр ба 42 тан расид.

Пеш аз ин пайкари беҷони 35 маъданкори дигар аз ин маъдан хориҷ шуда буд .

Дар ҳодисаи инфиҷори маъдани ангишти Зимистон Юрт дар Озодшаҳри устони Гулистон, ки рӯзи чаҳоршанбеи гузашта (3 май) ба вуқуъ пайваст, беш аз 70 нафар низ захмӣ шуданд .

Гуфта мешавад, як маъданкори дигар ҳануз дар маъдан маҳбус аст .

Маъдани ангишти Озодшаҳр дар 90 километрии шарқи Гургони маркази устони Гулистон қарор дорад .