Қаҳрамонии Эрон ва мақоми чаҳоруми Тоҷикистон дар мусобиқоти шатранҷи ҷавонони Осиё
Дар рақобатҳои шатранҷи қаҳрамонии ҷавонони зери 20 соли Осиё, ки ба мизбонии шаҳри Шерози Эрон баргузор шуд, Ҷумҳурии Исломии Эрон ба мақоми нахуст даст ёфт.
Ба гузориши хабаргузории ИСНА, рақобатҳои қаҳрамонии шатранҷи ҷавонони зери 20 соли Осиё, бо ҳузури 70 варзишкор аз кишварҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон, Лубнон, Ҳинд, Қазоқистон, Сурия, Ветнам, Тоҷикистон ва Қирғизистон ба мизбонии Эрон, аз дуввум то даҳуми май дар бахшҳои стандарт, сареъ, барқосо ва дар ду қисмати писарон ва духтарон баргузор шуд.
Дар бахши стандарти писарон се намояндаи Эрон ба тартиб аввал, дувум ва сеюм шуданд ва дар бахши стандарти духтарон ҳам намояндагон Ҳинд ҳар се ҷойгоҳи аввал то сеюмро тасоҳуб карданд.
Дар бахши сареъи духтарони ин рақобатҳо, намояндагони Ҳинд аввал ва сеюм шуданд ва шатранҷбози эронӣ ба мақоми дуввум даст ёфт.
Дар бахши сареъи писарон низ намояндаи Ветнам аввал шуд ва ҷойгоҳи дуввум ва сеюм ба шатранҷбозони эронӣ расид.
Дар бахши барқосои рақобатҳои қаҳрамонии шатранҷи Осиё, Ветнам, Ҳинд ва Ҷумҳурии Исломии Эрон аввал то сеюм шуданд.
Дар бахши барқосои бонувон низ шатранҷбозон Эрон, Ҳинд ва Тоҷикистон рутбаҳои аввал то сеюмро аз-они худ карданд.
Дар поёни ин рақобатҳо, тими миллии шатранҷи ҷавонони зери 20 соли Ҷумҳурии Исломии Эрон, бо касби ду медали тилло, се нуқра ва се бурунз дар маҷмӯъ, қаҳрамони рақобатҳои қаҳрамонии шатранҷи “Осиё 2017”- Шероз шуд.
Ҳинд бо ду тилло, се нуқра ва ду бурунз, Ветнам бо ду тилло ва Тоҷикистон бо як бурунз дар раддаҳои баъдӣ, қарор гирифтанд.