Май 11, 2017 19:12 Asia/Dushanbe
  • Танҳои масҷиди Кореяи Шимолӣ
    Танҳои масҷиди Кореяи Шимолӣ

Дар саросари Кореяи Шимолӣ танҳо як масҷид вуҷуд дорад, ки онро Ҷумҳурии Исломии Эрон дар муҳавватаи сафоратхонаи худ, дар Пхенян сохта ва дар ихтиёри мусулмонони ҳозир дар ин кишвар қарор додааст.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи ал-Ҳура, ҳамаи мусулмонон аз мазҳабҳои мухталифи исломӣ иҷоза доранд, дар ин танҳо масҷиди Кореяи шимолӣ, ки масҷиди “Ал –Раҳамон” ном дорад, фаъолиятҳои мазҳабии худро аз ҷумла баргузории намози ҷамоат, намози ҷумъа ва дигар муносибатҳо ва идҳои динӣ анҷом диҳанд.

Дар Кореяи Шимолӣ, ақаллияти мусулмон вуҷуд надорад ва мусулмонон дар Кореяи Шимолӣ ба дипломатҳои сафоратхонаҳои кишварҳои исломӣ ва бархе мусофирони мусулмони хориҷӣ, маҳдуд мешаванд.

Дар Кореяи Шимолӣ, озодии диндорӣ вуҷуд надорад ва ҳукумати коммунисти Кореяи Шимолӣ, диндорӣ ва анҷоми фаъолитҳои динӣ ба сурати ошкорро ташвеқ намекунад.

Бархе аз ақаллиятҳои динӣ дар Кореяи Шимолӣ, монанди масеҳиён ва буддоиён ба сурати бисёр маҳдуд дорои ибодатгоҳ ҳастанд.