Май 11, 2017 21:37 Asia/Dushanbe
  • Фарорасидани солрӯзи мелоди ҳазрати имом Маҳдӣ (а) фархунда бод!

Ҷумъа 15 шаъбони соли 1438 ҳиҷрии қамарӣ- баробар бо 22 урдибиҳишти 1396 ҳиҷри хуршедӣ ва 12 май 2017, мусодиф бо солрӯзи милоди фархундаи ҳазрати имом Маҳдӣ (а), набераи гиромии Паёмбари акрам (с) аст.

Ҳазрати Маҳдӣ (а) дар саҳаргоҳи нимаи шаъбони соли 255 ‪ҳиҷирии қамарӣ, дида ба ҷаҳон гушӯданд.

Падари бузургвори эшон ҳазрати имоми Ҳасани Аскарӣ (а) ва модарашон, бонуи гиромӣ Нарҷис ном доштанд.

Ҳазрати маҳдӣ ду давраи ғайбат дошт, яке кӯтоҳмуддат (ғайбат суғро) ва дигаре дарозмуддат (ғайбати кубро), ки аввалӣ, аз ҳангоми таваллуд то поёни даврони ниёбати хосса идома дошта ва дуввумӣ, бо поёни давраи нахуст оғоз шуд ва то ҳангоми зуҳур ва қиёми он ҳазрат тӯл хоҳад кашид.

Дар шаб ва рӯзи солрӯзи милоди ҳазрати имом Маҳдӣ (а), мардуми Эрони исломӣ бо ҳузур дар маконҳои мазҳабӣ бо баргузории ҷашнҳои мухталиф, иродоти худро ба Имоми аср, нишон медиҳанд.

Пахши шарбат ва ширинӣ, баргузории маросими Мавлудхонӣ ва мадиясароӣ, аз ҷумла барномаҳои муҳимми мардуми мусулмони Эрон, дар шаб ва рӯзи солрӯзи милоди ҳазрати имом Маҳдӣ (а) аст.

Шаҳрҳои муқаддаси Машҳад ва Қум имшаб ва фардо шӯру сурури дучандон дорад ва мардум бо барпоии маҷолис ҷашну пахши нуқлу  ширинӣ, ишқ ва иродоти холисонаи худро ба Имоми аср (а) иброз медоранд.

Бахши тоҷикии Садои Хуросон, фарорасидани солрӯзи милоди Маҳдии мавъуд- имоми Замон (а)-ро ба ҳамаи мусулмонони ҷаҳон ва дигар озодихоҳон табрик мегӯяд.