Эрон ва Афғонистон дар баробари тавтеаҳо ҳушёр бошанд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i17108-Эрон_ва_Афғонистон_дар_баробари_тавтеаҳо_ҳушёр_бошанд
Сухангӯи вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, бар лузуми ҳушёрии Теҳрон ва Кобул дар баробари тавтеаҳои душманон таъкид кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 13, 2017 11:47 Asia/Dushanbe
  • Эрон ва Афғонистон дар баробари тавтеаҳо ҳушёр бошанд

Сухангӯи вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, бар лузуми ҳушёрии Теҳрон ва Кобул дар баробари тавтеаҳои душманон таъкид кард.

Баҳроми Қосимӣ. сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон, дар гуфтугӯ бо хабаргузории Садои афғон (Ово), бо ишора ба равобити Эрон ва Афғонистон гуфт, дар ҷаҳон имрӯз аносури мухаррибе вуҷуд доранд, ки саъй мекунанд, равобити кишварҳо ба хусус кишварҳои исломӣ ва ҳамсоягонро мухтал кунанд ва иҷоза надиҳанд ин гуна кишварҳо ба хусус кишварҳое ҳамчун Эрон ва Афғонистон, ки дорои иштирокоти бисёре ҳастанд, битавонанд ҳамкориҳои худро тавсеа бидиҳанд.

Қосимӣ бо баёни ин ки Афғонистон имрӯз як кишвари мустақил аст таъкид кард, Эрон бо эҳтиром ба ҳокимият ва мардуми Афғонистон, ҳамкориҳои худро бо ин кишвар идома хоҳад дод.

Вай ҳамчунин дар бораи сиёсати ҷадиди Амрико барои эъзоми низомиёни бештар ба Афғонистон, гуфт, сиёсат Амрико авоқиб иҷуброннопазире дорад ва боиси эҷоди мушкилоти бештар дар минтақа шудааст.

Қосимӣ тасреҳ кард, хеле аз масоили минтақа, роҳкори низомӣ надорад ва бояд бо гуфтугӯ, мушорикат ва ҳамкорӣ байни кишварҳои минтақа ва давлатҳо бо мардумашон, ҳал шавад.

Сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон, ҳамчунин бо ишора ба ҳузури муҳоҷирони афғонистонӣ дар Эрон гуфт, хоҳарон ва бародарони афғонистоние, ки дар Эрон ҳастанд аз маҷмуи имконоте, ки барои шаҳрвандони эронӣ вуҷуд дорад, истифода мекунанд.