Май 16, 2017 13:46 Asia/Dushanbe
  • Ироаи барномаҳои ояндаи номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон

Номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон дар барномаҳои мухталифи таблиғотӣ барномаҳои ояндаи худро барои мардум ташреҳ карданд.

Сайид Мустафо Мирсалим, номзади дувоздаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон рӯзи душанбе дар Табрез (шимоли шарқи Эрон) бо баёни ин ки ҳалли мушкилот бо дасти муқтадири эрониҳо муяссар аст, гуфт: “Бояд ҷилави қочоқи колоро гирифт то воридоти беравия бозори дохилиро варшикаста накунад”.

Мирсалим бо таъкид бар шинохти мушкилоту ташхиси дурусти масоил афзуд, хомфурӯшии нафт ба тороҷ додани сармояҳои насли оянда аст ва бояд аз нафт колои бодавом дуруст кард.

Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ, дигар номзади интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон шомгоҳи душанбе дар барномаи “Гуфтугӯи вижаи хабарӣ”-и шабакаи дуи телевизиони Эрон муҳимтарин авлавияти худ дар сурати раиси ҷумҳур шуданро афзоиши суръати рушди иқтисодӣ ва мубориза бо фасод унвон кард.

 Ҷаҳонгирӣ бо таъкид бар ин ки афзоиши тавлид дар Эрон ниёзманди як дипломатияи фаъолу қавӣ аст, афзуд, барои роҳандозии тавлид, эҷоди бозори дохилӣ ва содиротӣ, сармоягузории хориҷӣ дар кишвар ва ҳамчунин мубориза бо қочоқи коло зарурӣ аст.

Сайид Иброҳим Раисӣ, яке дигар аз номзадҳои дувоздаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон рӯзи душанбе дар Исфаҳон (маркази Эрон) гуфт, сохти Эрон бо дастони тавонои мардум ва ҷавонон анҷом мешавад ва мардуму ҷавонон калиди ҳалли ҳамаи мушкилоти кишвар ҳастанд.

 Раисӣ ҳамчунин рӯзи душанбе дар сафари интихоботии худ ба Шероз (ҷануби Эрон), мубориза бо фасод, эҷоди иштиғол ва барқарории равобит бо ҳамсоягонро аз авлавиятҳои худ дар сурати раиси ҷумҳур шудан унвон кард.

Сайид Мустафо Ҳошимитабо, дигар номзади интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон низ дар гуфтугӯи радиоӣ, эҷоди заминаҳое барои издивоҷи саҳлу осонро аз ҷумлаи барномаҳои фарҳангии худ унвон кард.

Ҳошимитабо бо таъкид бар лузуми истифода аз пажӯҳишҳо барои рафъи масоили иҷтимоиву фарҳангии Эрон тасреҳ кард, бояд кӯмак кард то пажӯҳишкадаҳо бо анҷоми пажӯҳишҳои корбурдӣ ба умқи ҷомеа наздиктар шаванд то аз онҳо дар ҳалли мушкилот баҳра гирифт.

Ҳасани Рӯҳонӣ, яке дигар аз номзадҳои дувоздаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон ҳам дар Сорӣ (шимоли Эрон) густариши интернету тавсеаи гардишгариро заминасози иштиғол донисту гуфт, зиндагии мардум бояд бар мабнои барномарезии оқилонаву баландмуддат, таъмини фазои касбу кор фароҳам шавад.

 Рӯҳонӣ ҳамчунин бо таъкид бар ҳалли мушкилоти иқтисодии Эрон тасреҳ кард, бояд бозори воридот ба Эрон қатъ шавад ва аз тариқи устонҳои шимолии Эрон бозори содироти коло густариш ёбад.

Муҳаммадбоқир Қрлибоф, номзади дувоздаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон низ рӯзи душанбе дар баёнияе аз ҳамаи ҳомиёни худ хост, ки ҳамаи зарфияту ҳимояти худро барои муваффақияти Сайид Иброҳими Раисӣ, дигар номзади интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон ба кор гиранд.

Дувоздаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон рӯзи ҷумъаи ояндаи 19 –уми май баргузор мешавад.

 

Барчасп