Май 16, 2017 20:07 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи дафтари Шӯрои форсизабонон дар Машҳад

Нахустин дафтари Шӯрои форсизабонон – “Хубони порсигӯй” дар шаҳри Машҳади муқаддас, дар шимолу шарқи Эрон ифтитоҳ шуд.

Ин маросим асри рӯзи сешанбе бо ҳузури масъулоне аз кишварҳои Эрон, Афғонистон, Тоҷикистону Покистон ва низ шуморе зиёде аз шоирон, нависандагон, пажуҳишгарон ва алоқамандон ба тамаддуни порсии исломӣ баргузор шуд. Аз Тоҷикистон дар ин нишаст Шоҳмансури Шоҳмирзо, масъули фарҳангии Тоҷикистон дар ЭКО намояндагӣ мекард.

Суханронони ин маросим, аз ҷумла Муҳсин Муманӣ, масъули фарҳанги Ҳавзаи ҳунарии Эрон, Шоҳмансури Шоҳмирзо ва шоирони Афғонистон Муҳаммадкозим Козимӣ, Сайид Абутолиб Музаффарӣ ва Зайнаби Баёт ба аҳамияти густариши забону адабиёти порсӣ дар қарни кунунӣ, ки ҷаҳон дучори чолишҳои ҷиддӣ ва хатарноке аст, таъкид карданд.

Дар ин нишасти самимона пораҳое аз баёноти Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар бораи зарурати таваҷҷуҳи вижа ба забону фарҳанги порсӣ пахш гардид.

Нишасти ифтитоҳияи дафтари Шӯрои форсизабонон, ки бо қироати Қуръон оғоз шуда буд, бо шеърхонии шоирони форсигӯ поён ёфт.