Поёни замони таблиғоти номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон
Замони таблиғоти номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон соати ҳашти субҳи рӯзи панҷшанбе ба вақти маҳаллӣ поён ёфт.
Ҳасани Рӯҳонӣ, Иброҳими Раисӣ, Мустафо Ҳошимитабо ва Мустафо Оқомирсалим - чаҳор номзад аз шаш номзади интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон, ки дар саҳнаи интихобот боқӣ мондаанд, рӯзи чаҳоршанбе низ барномаҳову ҳамоишҳои таблиғотии худро баргузор карданд.
Асри чаҳоршанбе шаҳри Машҳад, дувумин шаҳри пурҷамъияти Эрон мизбони Ҳасани Рӯҳонӣ ва Иброҳими Раисӣ, ду номзади аслии дувоздаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон буд.
Ҳасани Рӯҳонӣ дар таҷаммуи ҳомиёнаш дар Машҳад бо баёни ин ки ҷавонон ва ҳамаи мардуми Эрон хоҳони пешрафти кишвар ҳастанд, аз ҳамаи мардуми Эрон хост бо назму оромиш пойи сандуқҳои раъй ҳозир шаванд.
Иброҳими Раисӣ низ дар Машҳад гуфт: “бо каромату ҳифзи шаъни мардум, иштиғолзоиро тавсеа хоҳем доду солона як миллион шуғл дар кишвар эҷод мекунем”.
Мустафо Оқомирсалим, номзади дигари интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон ҳам дар гуфтугӯи вижаи хабарии шабакаи дувуми Садо ва Симои Эрон гуфт, шаффофсозӣ боиси эътимоди мардуму низом мешавад, аммо коҳиши эътимоди мардум ба масъулон сабаб мешавад то мушорикати умумӣ ва назорат коҳиш ёбаду адами назорати умумӣ низ боиси густариши фасод мешавад.
Мустафо Ҳошимитабо, чаҳорумин номзад низ таъкид кард, барандаву бозандаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ бояд тобеи қонун бошанд.
Вай ҳамчунин аз ҳамаи мардуми Эрон хост дар интихоботи фардо- ҷумъа ширкат кунанд.