Май 18, 2017 16:32 Asia/Dushanbe
  • Интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон дар 102 кишвару 310 шуъба баргузор мешавад

Раиси ҳайати назорат бар интихоботи дувоздаҳумин давраи раёсатҷумҳурии Эрон дар хориҷ аз кишвар гуфт, дувоздаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар 102 кишвару 310 шуъба баргузор мешавад.

Ба гузориш ИРНА, Ҳасани Қашқовӣ имрӯз, панҷшанбе, гуфт, 55 шуъба дар Амрико, 21 шуъба дар Имороти Муттаҳидаи Араб, 22 шуъба дар Ироқ ва 12 шуъба дар Англия орои ҳамватанони хориҷ аз кишварро хоҳанд гирифт. Ӯ афзуд, бо таваҷҷуҳ ба ин ки ройзаниҳо барои баргузории интихобот дар Канада ба натиҷа нарасид, муқаррар шуд, чанд сандуқ дар марзи Канада бо Амрико иқдом ба гирифтани раъйи ҳамватанони муқими Канада кунад.

Муовини консулӣ ва умури маҷлиси Вазорати умури хориҷии Эрон бо ишора ба истиқболи эрониёни хориҷ аз кишвар аз интихоботи раёсатҷумҳурӣ гуфт, иқдомоти лозим барои иҷро ва назорат ба интихобот анҷом ва феҳрасти раъйгирӣ ҳам ба шуъба ирсол шудааст. Қашқовӣ идома дод, аз соати ҳашти субҳи рӯзи ҷумъа дар ҳар кишвар то соат 18 оро ахз мешавад ва сафоратҳову намояндагиҳои Эрон дар кишварҳои муқим метавонанд дар сурати лузум замони раъйдиҳиро тамдид кунанд.

Дувоздаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон ҳамзамон бо интихоботи шӯроҳои исломии шаҳру ва русто фардо, ҷумъа, баргузор мешавад.

 

Барчасп