Май 19, 2017 10:31 Asia/Dushanbe

Раъйгирии дувоздаҳумин давраи интихоботи раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Душанбе- пойтахт ва ҳамчунин шаҳри Роғуни Тоҷикистон, аз соати ҳашти субҳ ба вақти маҳаллӣ (7:30 ба вақти Теҳрон) оғоз шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, раъйгирӣ то соати 18 идома хоҳад ёфт ва эрониёни муқими Тоҷикистон бо ҳамроҳ доштан шиноснома, корти миллӣ ё гузарномаи мӯътабари эронӣ, метавонанд дар ин интихобот ширкат кунанд.

Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ- сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе, низ дар нахустин дақоиқи оғози раъйгирӣ, раъйи худро ба сандуқи мустақар дар сафоратхона андохт.

Дар Туркманистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Қазоқистон низ соати ҳашт субҳ ба вақти маҳаллӣ, раъйгирӣ аз эрониёни муқим дар маҳалли сафоратхонаҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон оғоз шуд ва то соати 18 имрӯз идома хоҳад ёфт.

Эрониёни муқими Қазоқистон илова бар сафорати Эрон, дар Остона- пойтахт, дар маҳалли сарконсулгарии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Алмаато низ метавонанд раъй бидиҳанд.

 

 

Барчасп