Ширкати номзадҳо ва мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар интихобот
(last modified Fri, 19 May 2017 07:55:47 GMT )
Май 19, 2017 12:55 Asia/Dushanbe
  • Ширкати номзадҳо ва мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар интихобот

Номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳурӣ ва мақомоту масъулони баландпояи Эрон бо ҳузур дар шуъбаҳои раъйгирӣ дар дувоздаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурӣ ва панҷумин давраи интихоботи шӯроҳои исломии шаҳру рустоҳои Эрон ширкат карданд.

Сайидиброҳим Раисии Содот, Ҳасани Рӯҳонӣ, Мустафо Оқомирсалим ва Мустафо Ҳошимитабо, чаҳор номзади дувоздаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон низ раъй худро ба сандуқ андохтанд.

Оятуллоҳ Содиқ Омулии Лориҷонӣ, раиси қувваи қазоияи Эрон низ пас аз раъй додан дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, мардум бо ҳузури худ пойи сандуқҳои раъй ҳамбстагӣ ва ҳимояти худро аз низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон нишон медиҳанд ва мӯҷиботи афзоиши қудрати худро фароҳам мекунанд. Ӯ афзуд, пирӯзи воқеии интихоботи 19-уми май миллати бузурги Эрон аст ва бо ҳузури мардум тавтеаи душманони Эрон хунсо мешавад.

Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Шӯрои Исломӣ, аъзои Маҷмаи ташхиси маслиҳат низом, аъзои Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ, аъзои Шӯрои нигаҳбон, намояндагони Маҷлиси Шӯрои Исломӣ, вазирони давлат ва дигар мақомоти лашкарӣ ва кишварӣ низ бо ҳузур дар шуъбаҳои раъйгирӣ дар дувоздаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурӣ ва панҷумин давраи интихоботи шӯроҳои исломии шаҳру рустоҳои Эрон ширкат карданд.