Май 19, 2017 16:54 Asia/Dushanbe
  • Сафири Эрон дар Чин: Мушорикати эрониён дар интихобот бесобиқа аст

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Чин мушорикати эрониёни муқим дар ин кишварро дар интихоботи дувоздаҳумин давраи раёсатҷумҳурии Эрон бесобиқа донист.

Алиасғари Ҳоҷӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Чин дар гуфтугӯ бо ИРНА гуфт, эрониёни муқими ин кишвар аз оғози дувоздаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон бо ҳузури пуршӯри худ дар пойи сандуқҳои раъй мушорикати густурдаеро ба намоиш гузоштанд. Ӯ бо ишора ба чаҳор шуъбаи раъйдиҳӣ дар шаҳрҳои мухталифи Чин афзуд, ба далели паҳновар будани кишвари Чин имрӯз эрониёни зиёде аз нуқоти мухталифи Чин худро ба сафорати Эрон дар Пекин расонданд, то дар ин рӯйдоди муҳими сиёсӣ мушорикати фаъол дошта бошанд. Сафири Эрон дар Чин бо ишора ба истиқболи густурдаи эрониёни муқими Чин аз лаҳзаи аввали раъйдиҳӣ ин ҳузурро намунаи боризе аз ҳимояти мардуми Эрон аз низоми ҷумҳурии исломӣ донист.

Имрӯз, ҷумъа, ҳамзамон бо оғози дувоздаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Эрон эрониёни муқими қораи Уқёнусия, шарқи Осиё, Осиёи Марказӣ, Ховари Миёна, Аврупо ва Африқо барои ширкат дар интихобот ба пойи сандуқҳои раъй рафтанд. Сайидиброҳим Раисии Содот, Ҳасани Рӯҳонӣ, Мустафо Оқомирсалим ва Мустафо Ҳошимитабо чаҳор номзади дувоздаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон ҳастанд, ки имрӯз ба рақобат интихобот пардохтанд.

 

Барчасп