Тамдиди интихоботи раёсати Ҷумҳурии исломии Эрон то соати 20
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i17416-Тамдиди_интихоботи_раёсати_Ҷумҳурии_исломии_Эрон_то_соати_20
Ситоди интихобот дар Эрон эълом кард, муҳлати раъйгирӣ то соати 20-и имшаб тамдид шуд.
(last modified 2025-09-23T05:42:19+00:00 )
Май 19, 2017 19:32 Asia/Dushanbe
  • Тамдиди интихоботи раёсати Ҷумҳурии исломии Эрон то соати 20

Ситоди интихобот дар Эрон эълом кард, муҳлати раъйгирӣ то соати 20-и имшаб тамдид шуд.

Вазорати кишвари Эрон эълом кард, бо тавваҷуҳ ба гузоришҳои дарёфтӣ аз ҳавзаҳои интихобияи кишвар, мабнӣ бар дархости тамдиди муддати замони раъйгирӣ ва назар ба мувофиқати вазири кишвари Эрон, замони ахзи раъй дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба муддати ду соат, яъне то соати 20 дар саросари Эрон тамдид шуд.

Аз сӯйи дигар, интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон дар кишварҳои минтақаи Амрикои шимолӣ, марказӣ ва ҷанубӣ низ оғоз шуд.

Ҳамзамон бо оғози интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Эрон, эрониёни муқими кишварҳои Амрико, Мексика, Куба, Колумбия, Венесуэла, Эквадор, Боливия, Аргентина ва Бразилия рӯзи ҷумъа барои ширкат дар ин интихобот ба пойи сандуқҳои раъй рафтанд.

Дувоздаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон дар 102 кишвар ва 310 шуъба баргузор мешавад.

Раъйгирӣ аз эрониён дар Зелландияи Нав оғоз шуда ва дар қораи Амрико поён меёбад.

Сайид Иброҳим Раисии Содот, Ҳасани Рӯҳонӣ, Мустафо Оқомирсалим ва Мустафо Ҳошимитабо, чаҳор номзади дувоздаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон ҳастанд, ки имрӯз, ҷумъа ба рақобати интихоботӣ мепардозанд.