Пирӯзии аввалияи Ҳасани Рӯҳонӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон
(last modified Sat, 20 May 2017 04:57:43 GMT )
Май 20, 2017 09:57 Asia/Dushanbe
  • Пирӯзии аввалияи Ҳасани Рӯҳонӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон

Ситоди интихоботи Эрон субҳи имрӯз бо эъломи бахше аз орои шуморишшудаи интихоботи дувоздаҳумин давраи раёсати ҷумҳурӣ, Ҳасани Рӯҳониро барандаи аввалияи ин интихобот эълом кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бар асоси эъломи Ситоди интихоботи Вазорат кишвари Эрон, аз маҷмӯи 25 миллиону 966 ҳазору 729 раъйи саҳеҳи қироатшуда, Ҳасани Рӯҳонӣ бо касби 14 миллиону 619 ҳазору 848 раъй пештоз аст.

Ҳамчунин Сайид Иброҳими Раисӣ бо касби 10 миллиону 125 ҳазору 855 раъй дар ҷойгоҳи баъдӣ қарор дорад.

Мустафо Оқомирсалим ва Мустафо Ҳошимитабо низ ба тартиб 297 ҳазору 276 раъй ва 139 ҳазору 331 раъй то кунун касб кардаанд.

 Раванди шумориши орои дувоздаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон ҳамчунон идома дорад.

Замони раъйгирии дувоздаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва панҷумин давраи интихоботи Шӯроҳои исломии шаҳру русто дар Эрон бо се бор тамдид то соати 24-и рӯзи гузашта (ҷумъа 19-уми май) идома дошт.

56 миллиону 410 ҳазору 234 нафар шароити лозимро барои додан дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва шӯроҳои исломии шаҳру русто дар Эрон доштанд.

 Гузоришҳо ҳокист, беш аз 40 миллион нафар (беш аз 70 дарсад) дар ин нтихобот ширкат кардаанд.