Ҳафтумин Ҷашнвораи китобхонии Разавӣ дар Машҳад баргузор мешавад
(last modified Sat, 20 May 2017 11:16:28 GMT )
Май 20, 2017 16:16 Asia/Dushanbe
  • Ҳафтумин Ҷашнвораи китобхонии Разавӣ дар Машҳад баргузор мешавад

Идораи кулли китобхонаҳои умумии устони Хуросони Разавӣ дар назар дорад, ҳафтумин Ҷашнвораи китобхонии Разавиро барои алоқамандон дар тамоми гурӯҳҳои сини чӣ эронӣ ва чӣ шаҳрвандони хориҷӣ баргузор кунад.

Кӯдакони алоқаманд метавонанд, бо муроҷиа ба наздиктарин китобхонаи умумӣ дар маҳалли сукунати худ ва дарёфти баргаи наққошӣ, ҷаззобтарин бахши китоб аз назари худашонро бо зикри номи достон, тасвирсозӣ (наққоши) кунанд ва ё бо забт ва ирсоли як файл видеоӣ, китобро ба дигарон муаррифӣ кунанд ва ё ин ки бахшҳое аз китобро бозгӯ кунанд ва онро бо шиноса “recieve _ketabclip” китобхонӣ Разавӣ ирсол намоянд.

Кӯдакон метавонанд дар ҳар ду бахши наққошӣ ва пӯиши маҷозӣ ( забт ва ирсоли филми мубоилӣ) ҳамзамон ширкат кунанд.

Бар асоси ин гузориш, навҷавонон,ҷавонон ва бузургсолон низ метавонанд ба ду шева мактуб ва электронӣ дар ин мусобиқа ширкат карда ва посухномаро ба наздиктарин китобхонаи умумӣ таҳвил диҳанд.

Алоқамандон метавонанд дар шеваи электронӣ бо муроҷиа ба бахши Ҷашнвораи китобхонии Разавӣ дар веб-сайти “www.mashhadpl.ir” ва ҳамчунин “portal.shamstoos.ir” ва интихоби гузинаи фардӣ ё хонаводагӣ, имкони мутолиаи саволот ва посӯхи онҳоро пайдо кунанд.

Мӯҳлати ирсоли осор низ то аввали тирмоҳи 1396 баробар бо 22 июни 2017 милодӣ таъйин шудааст.

Баргузории маросими ихтитомияи ин ҷашнвора, низ дар Даҳаи каромат ( 3 то 13 мурдод 1396 баробар бо 25 июн то 5 августи 2017) хоҳад буд.

Барои барандагони ин мусобиқаи фарҳангӣ, 313 ҷоизаи 1 миллион риёлӣ барои бахши инфиродӣ ва 8 ҷоизаи вижа барои 8 хонавода дар назар гирифта шудааст.