Иттиҳомсозии Трамп зидди Эрон дар оғози сафараш ба Арабистон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i17456-Иттиҳомсозии_Трамп_зидди_Эрон_дар_оғози_сафараш_ба_Арабистон
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар аввалин сафари хориҷии худ роҳии Риёз, пойтахти Арабистон шудааст. Вай рӯзи ҷумъа дар остонаи ин сафар Эронро ба ҳимоят аз терроризм муттаҳам кард, то пеш аз шуруи музокироташ дар Риёз нишон диҳад, ки рӯйкардаш дар ин сафар идомаи тарҳи эронҳаросӣ аст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 20, 2017 12:18 Asia/Dushanbe
  • Иттиҳомсозии Трамп зидди Эрон дар оғози сафараш ба Арабистон

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар аввалин сафари хориҷии худ роҳии Риёз, пойтахти Арабистон шудааст. Вай рӯзи ҷумъа дар остонаи ин сафар Эронро ба ҳимоят аз терроризм муттаҳам кард, то пеш аз шуруи музокироташ дар Риёз нишон диҳад, ки рӯйкардаш дар ин сафар идомаи тарҳи эронҳаросӣ аст.

Ин дар ҳолест, ки як мақоми Кохи Сафед рӯзи панҷшанбе гуфта буд, ки Трамп дар сафар ба Арабистон ба дунболи ташкили НАТО-и арабӣ хоҳад буд .

Тарҳи эронҳаросӣ, баунвони яке аз меҳварҳои аслии сафари Трамп ба минтақа, рӯйкардест, ки давлати Обама ҳам онро дунбол мекард. Агар ба гузашта нигоҳ кунем, хоҳем дид, ки сиёсати давлатмардони Амрико ҳатто пеш аз Обама, ҳаряк ҳалқае аз занҷираи сиёсатҳои хасмонаи Амрико алайҳи Эрон будааст. Амрико баъд аз шикасти тарҳи иддаосозӣ дар мавзуи ҳастаии Эрон, ду ҳадафро дунбол кардааст. Ҳадафи нахуст, идомаи сиёсати эронҳаросӣ дар минтақа аст. Аммо ҳадафи дуввуми Амрико, мухолифати нарм бо матраҳ шудани нақши Эрон дар сатҳи минтақаӣ ва байналмилалӣ аст.

Пайванд задани нақши минтақаии Эрон ба ҷарёни ҳимоят аз терроризм, дар воқеъ зербинои хатти фикрии муштараки Амрико ва Исроил ва Арабистон дар бораи Эрон аст. Ин дар шароитест, ки ноамнсозии минтақа ва эҷоди ҷарёнҳое назири Алқоида ва ДИИШ ва ҳимоят аз гурӯҳҳои террористӣ ва роҳ андохтани ҷанг дар Ироқ Сурия ва ҳамлаи Арабистон ба Яман барои таҷзияи ин кишвар бахше аз тарҳи Ховари Миёнаии муштараки амрикоӣ–исроилӣ аст.

Аммо ончизе, ки дар даврони Трамп бо такяи пурнақши Арабистон пуррангтар дида мешавад, ҳаракати шитобони Амрико ба самти баҳрабардории тиҷорӣ аз таҳаввулот ва тағийрот дар шароити минтақаӣ ва байналмилалӣ аст. Трамп ба ҳамачиз аз зовияи тиҷорӣ ва манфиати иқтисодӣ менигарад ва сафараш ба Арабистон низ, ки бо пешдаромади фурӯши сад миллиард долларии силоҳ ба Арабистон калид хурдааст, нишон медиҳад, ки ин сафар шуруи хубе барои Трамп аз ин ҷиҳат хоҳад буд. Аммо инки ин сиёсат то чи андоза ба нафъи Арабистон аст ва ё онки сабаби ҳимоят аз таҷовузгариҳои Арабистон хоҳад шуд, маҳалли тардид аст. Масъала ин аст, ки Трамп ҳам дар дохил ва ҳам дар сиёсати хориҷии худ бо чолишҳои ҷиддӣ мувоҷеҳ аст ва ба далоили масоили амниятӣ ҳатто то марзи барканорӣ аз мақомаш пеш рафтааст.

Таҳлилгарон муътақиданд, ки авзои сиёсӣ-амниятӣ ва иқтисодӣ дар Арабистон ва дар Амрикои бисёр шикананда аст ва наметавон пешбинии дақиқе аз таҳаввулот дар минтақа дошт. Аммо дар як арзёбии куллӣ аз масойили минтақа ва аҳдофи сафари Ховари Миёнаии Трамп метавон гуфт, ки Амрико бавижа дар солҳои ахир навъе бозии печидаро дар минтақа дунбол кардааст ва то замоне, ки ин вазъият идома дорад, аз дидгоҳи Амрико, Эрон ба ҷиҳати истодагӣ дар муқобили зиёдахоҳиҳои Амрико таҳдид маҳсуб мешавад. Лизо изҳороти Трамп ва инки вай Эронро ба ҳимоят аз терроризм муттаҳам кардааст, мавзеи ҷадиде нест. Ончи мусаллам аст, раисҷумҳури ҷадиди Амрико барои мудохила дар минтақа аташи зиёде аз худ нишон медиҳад, аммо бо таваҷҷуҳ ба мавҷи интиқодҳо ва мухолифатҳои байналмилалӣ бо мавозеи насанҷидааш, қатъан тавоноии иҷмоъсозӣ алайҳи Эрон ва ҳимоятҳои густарда аз Арабистонро нахоҳад дошт .