Май 20, 2017 17:26 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоб: Пирӯзи интихобот мардуми Эрон ва низоми Ҷумҳурии исломӣ ҳастанд

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ имрӯз шанбе дар паёме ба муносибати интихоботи 19 май таъкид карданд, пирӯзи интихобот мардуми Эрон ва низоми Ҷумҳурии исломӣ ҳастанд, ки бо вуҷуди тавтеа ва талоши душманон, тавонистааст эътимоди ин миллати бузургро ба таври физоянда ҷалб кунад ва дар ҳар давра дурахшиши тозае нишон диҳад.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами Раҳбарӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ- Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар ин паём афзуданд, мушорикати густурда ва пуршӯри мардум дар интихобот ва ташкили сафҳои тӯлонӣ барои расидан ба сандуқҳои раъй дар ҳамаҷо ва аз ҳамаи қишрҳои иҷтимоӣ, нишонае ошкор аз истеҳкоми пояҳои мардумсолории исломӣ ва дилбастагии ҳамагонӣ буд ва Эрон ва эрониро дар озмуни майдони амал, сарафроз ва рӯ сафед кард.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ бо баёни ин ки Эрони исломӣ бори дигар бадхоҳон ва кинаварзон ва ҳасудонро ақиб нишонид, тасреҳ карданд, мардум пас аз интихобот, ба иттиҳод ва иттифоқи умумӣ биандешанд, ки бешак як омили муҳимми истеҳком ва иқтидори миллӣ аст ва ҳама бикушанд то саҳми худ аз вазифаи пешбурди кишвар ба самти ҳадафҳои бузургро бишносанд ва думбол кунанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин ба раисиҷумҳур ва ҳамаи касоне, ки дар давлати оянда ширкат хоҳанд дошт, супориш ва таъкид карданд: кор ва талоши пурангеза, бо андеша ва ҷавононаро барои бартараф кардани мушкилоти кишвар дар пеш гиранд ва лаҳзае аз ин хатти мустақим ғафлат накунанд ва риояти қишрҳои заиф, таваҷҷуҳ ба рустоҳо ва манотиқи фақир, дар назар гирифтани аввлавиятҳо, бархӯрд бо фасод ва бо осебҳои иҷтимоиро дар садри барномаҳои худ қарор диҳанд.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар ин паём, аз яко-яки оҳоди ширкаткунанда дар интихобот, мароҷеъи муаззам ва уламои аълом, нухбагони донишгоҳӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҳунарӣ, номзадҳои раёсатҷумҳурӣ, ҳамаи дастандаркорони иҷроъ ва назорати интихобот, ҳофизони амнияти интихобот ва низ аз расонаи миллӣ ташаккур карданд.

Бар асоси эъломи натоиҷи ниҳоии дувоздаҳумин давраи интихоботи раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки рӯзи ҷумъа дар Эрон ва 102 кишвари ҷаҳон баргузор шуд, Ҳасани Рӯҳонӣ, номзади ин интихобот бо беш аз 23 миллион раъй бори дигар раисиҷумҳури мунтахаби Эрони исломӣ шуд.

 

Барчасп