Суфраи эронӣ зинати “Ҷашнвораи ғизо” дар Тоҷикистон
25 навъи ғизои суннатӣ ва лазизи сарзамини Эрон, зинатбахши Ҷашнвораи ғизоҳои миллӣ ва суннатии 20 кишвар дар Боғи Ботаникии шаҳри Душанбе буд, ки мавриди истиқболи шаҳрвандони Тоҷикистон ва дигар кишварҳои хориҷӣ қарор гирифт.
Ба гузориши ИРНА, дар ин ҷашнвора анвои палавҳо, хӯришҳо, кабобҳо, пешғзиоҳо ва пасғизоҳои эронӣ, ки ба тарзи зебое чидмон ва тазйин шуда буд, мавриди таваҷҷӯҳи хосси боздидкунандагон қарор гирифт.
Хӯрокиҳо ва ғизоҳои омода шуда дар ғурфаи Эронро, ҳамсарони коркунони сафорати Эрон ва ниҳодҳои эронӣ ва эрониёни муқими Тоҷикистон муҳайё карда буданд.
Дар ин ҷашнвора, ки ҳар сола ба ибтикори вазорати хориҷаи Тоҷикистон баргузор мешавад, бархе мақомоти Тоҷикистон, сафирон ва намояндагони кишварҳои ширкаткунанда ва созмонҳои байналмилалии муқими Душанбе ҳузур меёбанд.
Даромади ҳосил аз фурӯши маводи ғизоии ин ҷашнвора, ба умури хайрия дар Тоҷикистон ихтисос меёбад.