Май 22, 2017 15:56 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Эрон аз изҳороти мудохилаҷуёнаи давлати Амрико

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо интиқод аз изҳороти мудохилаҷуёнаи давлати Амрико алайҳи Эрон аз Вашингтон хост, аз сиёсати ҷангафрузӣ, мудохилагарӣ, эронҳаросӣ ва фурӯши силоҳи хатарнок ба ҳомиёни аслии терроризм даст бардорад.

Ба иттилои Ирно, Баҳроми Қосимӣ, рӯзи душанбе афзуд: Камтар аз 48 соат баъд аз баргузории давоздаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии мардуми Эрон, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суханоне мудохилаҷуёна алайҳи Эрон талош кард, бори дигар бо тарвиҷи эронҳаросӣ ва дар тадовуми сиёсатҳои хасмона, кишварҳои минтақаро ба хариди ҳарчи бештари таслеҳоти амрикоӣ ташвиқ кунад .

Қосимӣ бо ишора ба вазъи Яман ва нобудии зерсохтҳои Сурия ба дасти гурӯҳҳои террористии такфирӣ тасреҳ кард: Бархе кишварҳои минтақа баҷои иттико ба тавони мардумии худ ва зарфиятҳои ҳамкории минтақаӣ, дил дар гарави ҳимояти қудратҳои бузург бастаанд ва заминаҳои тазъиф ва тахриби зерсохтҳои ҳаётии кишварҳои минтақаро фароҳам меоваранд .

Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон афзуд: Ҷои тааҷҷуб аст, кишваре Эронро ба бесуботӣ дар минтақа муттаҳам мекунад, ки худ даҳҳо сол аст, бо ҳимоятҳои ҳамаҷонибаи таслеҳотӣ, молӣ ва иттилоотӣ аз режими саҳюнистӣ дар саркуби миллати мазлуми Фаластин шарик буда ва дар чанд соли ахир низ бо таслеҳи бархе режимҳои арабӣ дар минтақаи Халиҷи Форс дар куштори мардум бедифои Яман мушорикат доштааст .

Трамп раисҷумҳури Амрико рӯзи ҷумъа дар Риёз Эронро ба ҳимоят аз терроризм муттаҳам кард .