Май 22, 2017 17:55 Asia/Dushanbe
  • Идомаи муваффақияти варзишкорони Эрон дар Бозиҳои кишварҳои исломӣ

Корвони варзишии Эрон дар охирин рӯзи Бозиҳои кишварҳои исломӣ дар Боку соҳиби ҳафт медал тилло дар риштаҳои ушу ва тенисси рӯи миз шуд.

Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симо, варзишкорони эронӣ рӯзи душанбе дар охирин рӯзи Бозиҳои кишварҳои исломӣ дар Боку, пойтахти ҷумҳурии Озарбойҷон дар вазнҳои 56 килограмм, минҳои 60 килограмм, 65 килограмм, минҳои 70 килограмм, 75 килограмм ва минҳои 52 соҳиби шаш медали заррини тилло шуданд .

Тими тенисси рӯи мизи занони Эрон ҳам бо шикасти тими ҷумҳурии Озарбойҷон ба мақоми қаҳрамонӣ ва медали тиллои бозиҳои кишварҳои исломӣ расид.

Корвони варзишии Эрон то имрӯз душанбе дар чаҳорумин давраи Бозиҳои кишварҳои исломӣ дар Боку муваффақ шудааст, 38 медали тилло, 26 медали нуқра ва 33 медали биринҷӣ касб кунад ва рутбаи сеюми ин рақобатҳоро ба худ ихтисос диҳад .

Ҷумҳурии Озарбойҷони рутбаи аввал ва Туркия рутбаи дуввуми ин мусобиқотро аз они худ кардаанд .

Чаҳорумин давраи бозиҳои ҳамбастагии кишварҳои исломӣ бо ҳузури варзишкорони 54 кишвари исломӣ дар 22 риштаи варзишӣ аз ҷумъаи 12 май дар Боку оғоз шудааст ва имрӯз душанбе ба кори худ поён медиҳад .

Корвони варзишии Эрон бо 127 варзишкори мард ва 31 варзишкори зан дар 20 ришта дар рақобатҳои ҳамбастагии исломӣ дар Боку ҳузур дорад .

 

Барчасп