Эътирофи яке аз шарикони Бобак Занҷонӣ дар парвандаи нафтӣ
Раиси кулли додгустарии устони Теҳрон аз эътирофи яке аз шарикони Бобак Занҷонӣ дар парвандаи нафтӣ хабар дод.
Ғуломҳусейн Исмоилӣ дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо хабаргузории Садо ва симо афзуд, ин фард, ки пас аз гузашти пайгириҳои додгоҳии парвандаи нафтӣ ва судури ҳукми муттаҳамони радифи аввал то сеюми парванда дастгир шуд, дар марҳалаи бозпурсӣ ба мушорикати худ эътироф кардааст. Исмоилӣ гуфт, ин фард дар марҳалаи таҳқиқот иттилооти хубе ироа карда, ки дар сарнавишти парвандаи нафтӣ ва тасмимоти додгоҳӣ барои дигар ҳамдастони Бобак Занҷонӣ ҳам таъсиргузор аст. Раиси кулли додгустарии устони Теҳрон тасреҳ кард, ин фард, ахиран, дастгир шудааст.
Расидагӣ ба парвандаи нафтии Бобак Занҷонӣ дар 26 мурофиаи додгоҳӣ сурат гирифт, ки яке аз онҳо пушти дарҳои баста сурат гирифтааст.
Парвандаи Бобак Занҷонӣ, ки бо ҳукми додгоҳи инқилоб ба эъдом, пардохти хисорот ва ҷазои нақдии муодили 1,4 баробари хисороти расонидааш барои бозбинӣ ба Девони Олии кишвари Эрон ирсол шуд, тирамоҳи соли гузашта таъйид шуд.
Бобак Занҷонӣ аз ҳудуди 8 ҳазор миллиард туман қарзи худ ба Вазорати нафт ду ҳазор миллиард туман аз маҳалли вогузории амволу ширкатҳояш пардохт кардааст. Бо ин ҳол, Вазорати нафт эълом кардааст, ки қарзи Занҷонӣ бо муҳосибаи зарару зиён ҳудудан ба 12 ҳазор миллиард туман мерасад.