Май 23, 2017 16:52 Asia/Dushanbe
  • Парвози мустақими Машҳад- Маскав роҳандозӣ мешавад

Мудири кулли равобити умумии Фурудгоҳи байналмилалии Шаҳид Ҳошиминажоди Машҳад аз роҳандозӣ шудани парвозҳои мустақими Машҳад - Маскав хабар дод.

Ба гузориши ИСНА, Ҳасани Ҷаъфарӣ гуфт, аввалин парвоз дар ин масир соати 15:30 дақиқаи аввалин рӯзи ҷумъаи тирмоҳи имсол, баробар бо 23-юми июни соли 2017 аз Машҳад ба мақсади Маскав анҷом мешавад. Ба гуфтаи Ҷаъфарӣ, парвози баргашт низ ҳамин рӯз барқарор хоҳад буд.

Мудири кулли равобити умумии Фурудгоҳи байналмилалии Машҳад гуфт, парвозҳои ин масирро ширкати ҳавопаймои эронии “Моҳон” бо ҳавопаймои “Эйрбас-310” рӯзҳои ҷумъаи ҳар ҳафта анҷом медиҳад.

Фурудгоҳи байналмилалии Шаҳид Ҳошиминажод дувумин фурудгоҳи пуррафтуомади Эрон пас аз фурудгоҳи “Меҳробод”-и Теҳрон аст. Дар ин фурудгоҳ дар чандин масири хориҷӣ, шомили Душанбе, Бейрут, Кувейт, Наҷаф, Лоҳур, Бағдод, Деҳлӣ, Кобул, Дубай, Шарҷа, Басра, Мазори Шариф, Масқат ва Истамбул парвоз барқарор аст.